https://sputnik.tj/20220923/slutskiy-sharti-muzokirot-ukrainaro-guft-1051641466.html
Слутский шарти музокирот бо Украинаро гуфт
Слутский шарти музокирот бо Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия мегӯяд музокирот бо Украина танҳо дар сурати таслимшуданашон имконпазир хоҳад буд
2022-09-23T22:00+0500
2022-09-23T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
муноқиша
украина
таслим
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/57/1024675752_0:0:2577:1450_1920x0_80_0_0_4e25c10a4b3f08670a9db5a1b8d92c1f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Музокирот дар бораи шартҳои таслимшавии Украина имконпазир аст, инро метавон ба таври назариявӣ тасаввур кард, гуфт Леонид Слутский, раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия ва узви ҳайати музокирот бо Украина дар баҳори соли 2022."Музокирот дар шакли қаблӣ, мутаассифона, Киев аз тавофуқҳои ҳосилшуда даст кашид (имконнопазир аст). Музокирот дар бораи шартҳои таслимшавии Украина имконпазир аст, инро метавон ба таври назариявӣ тасаввур кард", - гуфт Слутский дар барномаи телевизионии "Россия 24" .Вай ҳамчунин гуфт, ки Русия бо Ғарб дар ҳолати "муборизаи геостратегӣ" қарор дорад.Слутский ҳамчунин илова кард, ки "Ба Украина ҳар рӯз силоҳҳои хатарнок ба андозае интиқол дода мешавад, ки ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида дар ҳеҷ кишваре мавҷуд нест."Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220923/matvienko-davlati-ukraina-rezhimi-terroristi-1051625952.html
https://sputnik.tj/20220923/pisari-rahbari-qrim-basij-nisbi-artish-davat-1051635583.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/57/1024675752_0:0:2577:1934_1920x0_80_0_0_f8746ff58c6817733d86cff96b42f5b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, таслим, музокира, шарт, слутский, имкон, ҷанг
русия, украина, таслим, музокира, шарт, слутский, имкон, ҷанг
Слутский шарти музокирот бо Украинаро гуфт
22:00 23.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия мегӯяд музокирот бо Украина танҳо дар сурати таслимшуданашон имконпазир хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Музокирот дар бораи шартҳои таслимшавии Украина имконпазир аст, инро метавон ба таври назариявӣ тасаввур кард, гуфт Леонид Слутский, раҳбари Ҳизби либерал демократи Русия ва узви ҳайати музокирот бо Украина дар баҳори соли 2022.
"Музокирот дар шакли қаблӣ, мутаассифона, Киев аз тавофуқҳои ҳосилшуда даст кашид (имконнопазир аст). Музокирот дар бораи шартҳои таслимшавии Украина имконпазир аст, инро метавон ба таври назариявӣ тасаввур кард", - гуфт Слутский дар барномаи телевизионии "Россия 24" .
Вай ҳамчунин гуфт, ки Русия бо Ғарб дар ҳолати "муборизаи геостратегӣ" қарор дорад.
Слутский ҳамчунин илова кард, ки "Ба Украина ҳар рӯз силоҳҳои хатарнок ба андозае интиқол дода мешавад, ки ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида дар ҳеҷ кишваре мавҷуд нест."
Ёдовар мешавем, ки ахиран фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.