Раҳмон соли 2023-ро дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар зимни ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки соли оянда таҳти пӯшиши забони русӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, соли 2023-ро Соли забони русӣ дар Тоҷикистон эълон кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора тавассути видеоконфронс бо президенти Русия Владимир Путин изҳорот дод.
Гуфтугӯи ду раҳбар дар чаҳорчӯби ифтитоҳи панҷ мактаби нави русӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он ҳама таълим ба забони русӣ сурат мегирад.
Раисиҷумҳури Русия, ки дар Рӯзи дониш ба вилояти Калининград сафар кардааст, тавассути пайванди видеоӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ширкат кард.
Раҳмон аз Путин барои ҳимоят аз бунёди мактабҳои русӣ дар кишвар изҳори сипос кард ва раҳбари Русия аз ифтитоҳи қарибулвуқӯъи Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд мактабҳои аз ҷониби Федератсияи Русия сохташуда бо таълими русӣ кушода мешаванд.
Барномаи таълимӣ дар онҳо махсус барои Точикистон мутобиқ карда мешавад ва дар макотиб муаллимони русе, ки аллакай ба ҷумҳурӣ омадаанд, дарс медиханд.
Лентаи хабарҳо
0