https://sputnik.tj/20220922/qasdi-hamla-safiri-tojikiston-qirghiziston-1051610660.html
Қасди ҳамла ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон
Қасди ҳамла ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, дар ҳудуди Қирғизистон бо фишору таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудаанд
2022-09-22T20:00+0500
2022-09-22T20:00+0500
2022-09-22T20:00+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳамлагарон
сафир
бишкек
равобит
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/16/1051611243_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_1cffb7b73cb3f992af42c15dd96d3639.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Шоми 18 сентябри соли равон шахси номаълуми сину солаш тақрибан 35 сола бо роҳи зурӣ ва ибрози таҳдиду таҳқир ба Тоҷикистон кушиш намуд, ки ба қароргоҳи Ализода Назирмад, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи кишвар.Тибқи иттилои ВУХ-и Тоҷикистон ин иқдом боиси нигаронии мақомоти кишвар шудааст.Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, ки амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва аъзои оилаи онҳо тибқи ӯҳдадориҳои кишвари маҳалли иқомат, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, таъмин карда шавад.ВУХ-и Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.Ҷониби Тоҷикистон аз Ҳукумати Қирғизистон талаб мекунанд, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, чораҳои таъхирнопазир андешад.
https://sputnik.tj/20220922/vukh-qirghiziston-tasmim-donishjuyon-tojik-ikhroj-1051610431.html
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/16/1051611243_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_b522c521e4bf027b32d3b501be42786b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, сафор, ҳамла, қасд, кишвар, ҳудуд, фишор, таҳдид
тоҷикистон, қирғизистон, сафор, ҳамла, қасд, кишвар, ҳудуд, фишор, таҳдид
Қасди ҳамла ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрвандони кишвар, дар ҳудуди Қирғизистон бо фишору таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Шоми 18 сентябри соли равон шахси номаълуми сину солаш тақрибан 35 сола бо роҳи зурӣ ва ибрози таҳдиду таҳқир ба Тоҷикистон кушиш намуд, ки ба қароргоҳи Ализода Назирмад, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи кишвар.
Тибқи иттилои ВУХ-и Тоҷикистон ин иқдом боиси нигаронии мақомоти кишвар шудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, ки амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва аъзои оилаи онҳо тибқи ӯҳдадориҳои кишвари маҳалли иқомат, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, таъмин карда шавад.
ВУХ-и Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз Ҳукумати Қирғизистон талаб мекунанд, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, чораҳои таъхирнопазир андешад.