Медведев: Русия масири худро интихоб кард, дигар роҳи бозгашт нест

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки ҳастаи қудратмадори ғарб бояд бифаҳмад, ки Русия роҳи худро интихоб кардааст ва аз ӯ дигар барнамегардад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ҳастаи қудратмадори ғарб ва ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои НАТО бояд дарк кунанд, ки Русия роҳи худро интихоб кардааст ва аз ин масир дигар бозгашт нест, навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар канали Telegram-и худ вобаста ба шарҳи қарори президенти Русия Владимир Путин дар бораи дастгирии ҳамапурсии ҶМД, ҶМЛ, вилояти Херсон ва Запорожье ва дар бораи қисман сафарбарсозӣ дар Русия.
" Ҳастаи қудратмадори ғарб, дар маҷмӯъ, ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои НАТО бояд дарк кунанд, ки Русия роҳи худро интихоб кардааст ва ҳеҷ гоҳ аз он бозгашт намекунад”, -нафиштааст Медведев.
Басиҷи нисбӣ дар Русия бо фармони раисиҷумҳур Владимир Путин аз рӯзи чаҳоршанбеи 21 сентябр эълон шуд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Патрушев: Қарори Путин барои ҳимоят аз амнияти Русия аст
Ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, барои назорат бар 1000-километрии хати ҷанг ва манотиқи озодшуда дар Украина сарбоз лозим аст.
Дар рафти он 300 ҳазор нафар ба сафи артиш даъват карда мешаванд, ки каме бештар аз 1% захираи умумии сарбозони басиҷиро дар Русия ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вазири дифоъ, дар бораи басиҷшавии донишҷӯёни Донишгоҳҳо ҳаргиз сухан намеравад ва ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо ба сафи артиш даъват карда намешаванд. Инчунин, даъватшавандагони ҳозираи хизмати ҳарбӣ мавриди сафарбарӣ қарор намегиранд.
Лентаи хабарҳо
0