https://sputnik.tj/20220921/patrushev-qarori-putin-himoya-amniyat-rusiya-1051581131.html
Патрушев: Қарори Путин барои ҳимоят аз амнияти Русия аст
Патрушев: Қарори Путин барои ҳимоят аз амнияти Русия аст
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Русия бар он бовар аст, ки қарори кишвардори Русия барои таҳкими амнияти ин кишвар равона шудааст
2022-09-21T18:05+0500
2022-09-21T18:05+0500
2022-09-21T18:54+0500
дар русия
украина
амният ва мудофиа
қарор
владимир путин
николай патрушев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041735515_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_70613716195222d5ce6aff7863a55dd5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Қарорҳое, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми худ ба ҳамватанон изҳор дошт, ба таъмини ҳифзи амнияти кишвар ва дастгирии иродаи ҳамватанон барои муайян кардани сарнавишти худ нигаронида шудааст, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.Чанде пеш Владимир Путин, кишвардори Русия ба русҳо дар бораи авзоъ дар Донбасс ва ҷараёни амалиёти вижа муроҷиат кард.Вай дар муроҷиаташ изҳор дошт, ки Русия аз ҳамапурсии вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запороже ва Херсон пуштибонӣ хоҳад кард ва дар Русия басиҷшавии нисбӣ эълон намуда, онро тасмими комилан мувофиқ ба таҳдидҳои кунунӣ номид.Патрушев дар мулоқот бо котиби давлатии Шӯрои амнияти Беларус Александр Волфович гуфт: "Мо дар бораи ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзии Русия, дар бораи дастгирии хоҳиш ва иродаи ҳамватанони мо барои муайян кардани сарнавишти худамон сӯҳбат мекунем".“Ман итминон дорам, ки ҳукуматҳо ва халқҳои мустақил ва албатта мардуми Беларус дар ин кор моро дастгирӣ мекунанд”, - афзуд Патрушев.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220921/shoygu-rusiya-amaliyot-nizomi-hadafho-1051577462.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041735515_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_901000f844368d0632d34e2df7ff6a94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, қарор, путин, ҳимоят, амният, таҳким, дабири шӯрои амният, николай патрушев
русия, украина, қарор, путин, ҳимоят, амният, таҳким, дабири шӯрои амният, николай патрушев
Патрушев: Қарори Путин барои ҳимоят аз амнияти Русия аст
18:05 21.09.2022 (Навсозишуда: 18:54 21.09.2022) Дабири Шӯрои амнияти Русия бар ин бовар аст, ки қарори кишвардори Русия барои таҳкими амнияти ин кишвар равона шудааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Қарорҳое, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми худ ба ҳамватанон изҳор дошт, ба таъмини ҳифзи амнияти кишвар ва дастгирии иродаи ҳамватанон барои муайян кардани сарнавишти худ нигаронида шудааст, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
Чанде пеш Владимир Путин, кишвардори Русия ба русҳо дар бораи авзоъ дар Донбасс ва ҷараёни амалиёти вижа муроҷиат кард.
Вай дар муроҷиаташ изҳор дошт, ки Русия аз ҳамапурсии вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запороже ва Херсон пуштибонӣ хоҳад кард ва дар Русия басиҷшавии нисбӣ эълон намуда, онро тасмими комилан мувофиқ ба таҳдидҳои кунунӣ номид.
Патрушев дар мулоқот бо котиби давлатии Шӯрои амнияти Беларус Александр Волфович гуфт: "Мо дар бораи ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзии Русия, дар бораи дастгирии хоҳиш ва иродаи ҳамватанони мо барои муайян кардани сарнавишти худамон сӯҳбат мекунем".
“Ман итминон дорам, ки ҳукуматҳо ва халқҳои мустақил ва албатта мардуми Беларус дар ин кор моро дастгирӣ мекунанд”, - афзуд Патрушев.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.