Латукӯб ва ихроҷ мекунанд: тоҷикон дар Қирғизистон мавриди таъқиби шадид қарор гирифтаанд

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудники полиции на месте взрыва в Бишкеке
Сотрудники полиции на месте взрыва в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон аз ҳолатҳои таъқиб, таҳдид ва табъизи шаҳрвандонаш ва тоҷикони бумӣ, ки дар Қирғизистон будубош доранд, изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи идомаи сиёсати таъқиби тоҷикон дар Қирғизистон изҳорот дод.
Гуфта мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ҳолатҳои таъқиб, таҳдид, табъиз ва таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони муқими Қирғизистонро дар рӯзҳои ахир бо нигаронии шадид арзёбӣ мекунад.
Кыргызские солдаты на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Ҳушдори Тоҷикистон ба нақзи ҳарими ҳавоияш аз ҷониби Қирғизистон: изҳороти ВКХ
Дар ин бора далелҳои раднашаванда мавҷуданд, таъкид кардааст ин ниҳод.
Ҳамин тавр, барои мисол, рӯзи 14 сентябр мақомоти ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд дӯконҳои тоҷикони муқими ин минтақаро бастанд. Мардуми қирғиз, ки аз манотиқи марзӣ тахлия шудаанд, ҳадафмандона дар хонаҳои тоҷикони ҳамон маҳал ҷойгир карда шуданд.
Аллакай рӯзи 18-уми сентябр кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи санҷиши нақшавии аснод бо ихроҷи иҷборӣ аз кишвар шиносномаҳои аъзои як хонаводаи тоҷикро мусодира карданд.
Як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро маъмурони пулиси Бишкек бидуни тавзеҳот дар манзилаш боздошт ва баъдан дар бозпурсии нӯҳ соата мавриди лату кӯб қарор додаанд.
"Пас аз тамаъҷӯӣ ба маблағи 15 000 соми қирғизӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон озод карда шуд", - гуфт манбаъ.
Ҳодисае ба қайд гирифта шудааст, ки дар Бишкек низ афроди ношинос тирезаҳоро шикаста, мошини як шаҳрванди Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Қирғизистон иқомат дорад, осеб расониданд.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтоёнаш аз таҷовузи ҳарбии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт
Илова бар ин, дар вилояти Ӯш як рӯзноманигор, ки тоҷиктабор аст, бар пояи миллаташ латукӯб шудааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ бори дигар ёдовар шуд, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистон рухдода хилофи муқаррароти баёнияи муштараки нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус банди 25-и ин санад аст.
Дар он зарурати таъмини хифзи хукуку манфиатхои шахрвандон, аз ҷумла ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғул, ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ қайд карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0