Ифтитоҳи масири роҳи оҳани Чин-Афғонистон дар бандари Ҳайратон

© Хокимият Сурхандарьинской областиУзбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи
Узбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Нахустин қатор дар даҳлези иқтисодии Афғонистон бо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин ба мақсад расид ва ин даҳлез ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Пас аз имзои тафоҳумнома эҷоди даҳлези иқтисодӣ миёни Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин дар ҳафтаи гузашта аввалин қатори тиҷорӣ дар ин масир ахиран вориди шаҳраки марзии Ҳайратон шуд ва ин даҳлез дар маросиме бо ҳузури масъулони маҳаллии Балху Чин ифтитоҳ шуд.
Бо ифтитоҳи ин масир як маҳмулаи 12 контенарӣ бо қатор вориди минтақаи марзии Ҳайратон (байни Афғонистону Ӯзбекистон) шуд.
Қудратуллоҳ Абуҳамза, волии Балх дар ин маросим дар шаҳраки бандарии Ҳайратон, ин даҳлези иқтисодиро барои мардуми Афғонистон бисёр ҳаётӣ хонд ва гуфт ифтитоҳи ин даҳлези иқтисодӣ башоратӣ барои мардум Афғонистон аст ва давлати толибон талош мекунад бо тамоми дунё ба вижаи кишварҳои ҳамсоя равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошад.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Волии нави Панҷшер таъйин шуд
Абуҳамза афзуд, воридоти амволи тиҷорӣ аз Чин ба Афғонстон пеш аз ин ду моҳ замон май барад, аммо бо гушоиши даҳлези ҷадид, маҳмулаҳои тиҷорӣ дар 12 рӯзи ворид Афғонистон мешавад.
Дар айни ҳол тоҷирон афғон мегӯянд фаъолияти ин даҳлези тиҷории қимати кирояи интиқоли амволро 60 дарсад коҳиш медиҳад.
Бо ифтитоҳи ин масир маҳсулоти содиротии чин ба Афғонистон ба ҷои убур аз масири Покистон ва Эрон ба Афғонистон мерасад.
Афғонистон ба далели маҳсур будан дар хушкӣ ва дастрасӣ надоштан ба обҳои озод барои воридот ва содироти ниёзманди ҳамкорӣ кишварҳои ҳамсоя аст.
Лентаи хабарҳо
0