https://sputnik.tj/20220922/diaspora-tojikon-jalb-khorijiyon-hifz-donbass-dastgiri-1051589781.html
Диаспораи тоҷикон ҷалби хориҷиёнро барои ҳифзи Донбасс дастгирӣ кард
Диаспораи тоҷикон ҷалби хориҷиёнро барои ҳифзи Донбасс дастгирӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Таваҷҷӯҳи муҳоҷирони корӣ ба ҳифзи Донбасс комилан воқеӣ аст, зеро он як қатор бартариҳои баҳснашанда дорад, ки ба хоҳишмандон имкони нав боз мекунад
2022-09-22T09:44+0500
2022-09-22T09:44+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
донбасс
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051587205_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_ac7ef81ab4a96151f44a77f39de23efe.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Намояндаи диаспораи тоҷикони Русия Абдулло Давлатов дастгирии худро аз қарори Думаи давлатӣ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ баҳри хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия эълон кард. Тибқи маълумоти мавсуф, қонуни мазкур афзалиятҳои барҷаста дорад, ки хориҷиён пас аз бастани қарордод соҳиби он мешаванд. Вай қайд кард, ки шаҳрвандони дигар кишварҳо метавонанд шиносномаи русиро бо тартиби соддакардашуда бигиранд, гузоришҳои Агаентии навгониҳои "Маскав". Ба гуфтаи Давлатов, барои ба даст овардани шиносномаи русӣ роҳи дарозро тай кардан мебояд, анакнун барои хоҳишмандон имкон пайдо шуд."Илова бар ин, онҳо ба кор меоянд ва дар ин ҷо барояшон имконоти наве боз мешавад", - илова кард манбаъ.Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай лоиҳаи қонунеро қабул кардааст, ки ба хориҷиёне, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи РФ ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома бастаанд, ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда пешбинӣ мекунад. Ба ин тартиб, муҳоҷирон бидуни пешниҳоди иҷозаи иқомат метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд ва онҳое, ки хидмати қарордодӣ дар артиши Русияро тамом кардаанд ё идома медиҳанд, метавонанд, шарти будубоши ҳатмӣ давоми панҷ сол пас аз дарёфти ҳуҷҷати муваққати зистро (ВНЖ) риоя накунанд.Дар Маскав ҳама масъалаҳоро метавон дар маркази муҳоҷирати Сахарово ҳал кард. Ин як равзанаи ҳалли масъалаҳои шуғли муҳоҷирон аст. Мири пойтахт Сергей Собянин аллакай ваъда додааст, ки хадамоти шаҳр ҳама кори заруриро анҷом медиҳанд, то тартиби бастани шартномаҳо ба қадри имкон бароҳат ташкил карда шавад.
https://sputnik.tj/20220921/patrushev-qarori-putin-himoya-amniyat-rusiya-1051581131.html
донбасс
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051587205_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_8bdf211546c8ecfa21621f76046c10fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
диаспора тоҷикон ҷалб хориҷиён ҳифз донбасс
диаспора тоҷикон ҷалб хориҷиён ҳифз донбасс
Диаспораи тоҷикон ҷалби хориҷиёнро барои ҳифзи Донбасс дастгирӣ кард
09:44 22.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Таваҷҷуҳи муҳоҷирони корӣ ба ҳифзи Донбасс комилан воқеӣ аст, зеро он як қатор бартариҳои баҳснашанда дорад, ки ба хоҳишмандон имкони нав боз мекунад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Намояндаи диаспораи тоҷикони Русия Абдулло Давлатов дастгирии худро аз қарори Думаи давлатӣ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ баҳри хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия эълон кард.
Тибқи маълумоти мавсуф, қонуни мазкур афзалиятҳои барҷаста дорад, ки хориҷиён пас аз бастани қарордод соҳиби он мешаванд.
Вай қайд кард, ки шаҳрвандони дигар кишварҳо метавонанд шиносномаи русиро бо тартиби соддакардашуда бигиранд, гузоришҳои Агаентии навгониҳои "Маскав".
"Фикр мекунам, ки ин барои он шаҳрвандони хориҷӣ, хусусан муҳоҷирони корӣ, ки хоҳони дарёфти шаҳрвандиро доранд хуб аст. Ба андешаи ман бисёриҳо мераванд. Ман, албатта дастгирӣ мекунад. Ин бисёр имкониятҳоро фароҳам мекунад", - ёдовар шуд ӯ.
Ба гуфтаи Давлатов, барои ба даст овардани шиносномаи русӣ роҳи дарозро тай кардан мебояд, анакнун барои хоҳишмандон имкон пайдо шуд.
"Илова бар ин, онҳо ба кор меоянд ва дар ин ҷо барояшон имконоти наве боз мешавад", - илова кард манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай лоиҳаи қонунеро қабул кардааст, ки ба хориҷиёне, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи РФ ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома бастаанд, ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда пешбинӣ мекунад.
Ба ин тартиб, муҳоҷирон бидуни пешниҳоди иҷозаи иқомат метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд ва онҳое, ки хидмати қарордодӣ дар артиши Русияро тамом кардаанд ё идома медиҳанд, метавонанд, шарти будубоши ҳатмӣ давоми панҷ сол пас аз дарёфти ҳуҷҷати муваққати зистро (ВНЖ) риоя накунанд.
Дар Маскав ҳама масъалаҳоро метавон дар маркази муҳоҷирати Сахарово ҳал кард. Ин як равзанаи ҳалли масъалаҳои шуғли муҳоҷирон аст.
Мири пойтахт Сергей Собянин аллакай ваъда додааст, ки хадамоти шаҳр ҳама кори заруриро анҷом медиҳанд, то тартиби бастани шартномаҳо ба қадри имкон бароҳат ташкил карда шавад.