https://sputnik.tj/20220921/salibi-surkh-maqomot-tojikiston-amniyat-subot-1051585876.html
Салиби Сурх бо мақомоти Тоҷикистон амнияту суботи минтақаро баррасӣ кард
Салиби Сурх бо мақомоти Тоҷикистон амнияту суботи минтақаро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Ню-Йорк масъалаи амнияту суботи минтақа дар гуфтугуи мақомоти Тоҷикистон бо роҳбари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид
2022-09-21T21:25+0500
2022-09-21T21:25+0500
2022-09-22T13:06+0500
дар тоҷикистон
музокира
кумитаи байналмилалии салиби сурх
субот
амният ва мудофиа
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051585718_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_7b989a2ba76a68ac26981b70cfe86bc2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Петер Маурер, президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва КБСС, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда, мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шуданд.Сироҷиддин Муҳриддин бинобар анҷом ёфтани фаъолияти Петер Маурер ба ҳайси Президенти КБСС ба мавсуф барои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдааш барор таманно намудааст.Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ташкилоти башардӯстона бо мақоми махсуси баробаркардашуда бо мақоми ташкилотҳои байналмилалиест, ки ба ҷуз корҳои дигар бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон машғул мебошад.Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ташкилоти соҳибихтиёр ва бетарафест, ки бо пешниҳоди ҳимоя ва расонидани ёрӣ ба ҷабрдидагон дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ва бетартибиҳои дохилӣ машғул мешавад.Ташкилот тибқи ваколати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх додашуда ва ба роҳбарӣ гирифтани принсипи беғаразӣ ба ашхоси дар асорат буда, беморон, маҷрӯҳон ва ашхоси шаҳрвандии дар натиҷаи низоъи мусаллаҳона ҷабрдида кӯмак мерасонад.
https://sputnik.tj/20220920/vokunishi-vazorati-khorija-izhorot-sozmon-hamkori-turkzabon-1051562134.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051585718_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_e9733f8b8ba7a2579b3cab0e5b627171.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, салиби сурх, мақомот, амният, субот, минтақа, гуфтугӯ, кумита
тоҷикистон, салиби сурх, мақомот, амният, субот, минтақа, гуфтугӯ, кумита
Салиби Сурх бо мақомоти Тоҷикистон амнияту суботи минтақаро баррасӣ кард
21:25 21.09.2022 (Навсозишуда: 13:06 22.09.2022) Дар шаҳри Ню-Йорк масъалаи амнияту суботи минтақа дар гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо роҳбари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Петер Маурер, президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва КБСС, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда, мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин бинобар анҷом ёфтани фаъолияти Петер Маурер ба ҳайси Президенти КБСС ба мавсуф барои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдааш барор таманно намудааст.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ташкилоти башардӯстона бо мақоми махсуси баробаркардашуда бо мақоми ташкилотҳои байналмилалиест, ки ба ҷуз корҳои дигар бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон машғул мебошад.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ташкилоти соҳибихтиёр ва бетарафест, ки бо пешниҳоди ҳимоя ва расонидани ёрӣ ба ҷабрдидагон дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ва бетартибиҳои дохилӣ машғул мешавад.
Ташкилот тибқи ваколати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх додашуда ва ба роҳбарӣ гирифтани принсипи беғаразӣ ба ашхоси дар асорат буда, беморон, маҷрӯҳон ва ашхоси шаҳрвандии дар натиҷаи низоъи мусаллаҳона ҷабрдида кӯмак мерасонад.