Вокуниши Вазорати хориҷа ба изҳороти дабири кулли Созмони ҳамкории кишварҳои туркзабон

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркро роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шадидан маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати хорҷаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки изҳороти ахири Бағдод Амреев, дабири куллии Созмони ҳамкории кишварҳои туркзабон ба талошҳои ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масоили марзӣ монеъ мешавад.
"Изҳороти Бағдод Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад. Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад.", - омадааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.
Сухан дар бораи изҳороти Амроев, ки рӯзи 16 сентябр, дар бораи ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нашр шуда, Тоҷикистонро ҳамчун таҷовузкор намоиш додааст, меравад.
Подписание соглашения между Таджикистаном и Кыргызстаном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Имзои санади навбатӣ барои оташбас миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки ахиран Дабири куллии Созмони ҳамкории кишварҳои туркзабон дар изҳороташ аз Тоҷикистон хост таҷовуз бар сари мардуми осоишта ва зерсохторҳои мулкӣ, аз ҷумла мактабҳоро бо силоҳҳои вазнин хотима диҳад.
Аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, оташбас эълон кунанд ва зуд пушти мизи музокира нишинанд то ин масъаларо бо роҳи сиёсиву дипломатӣ ҳал намоянд.

Даргири дар марз

Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.
Умед Джайхани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Коршинос: Барои пешгирӣ аз даргирӣ ва хунрезӣ дар марз се роҳ аст
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0