https://sputnik.tj/20220921/intikhobot-prezident-qazoqiston-1051580063.html
Санаи интихоботи президентӣ дар Қазоқистон маълум шуд
Санаи интихоботи президентӣ дар Қазоқистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон бо ташаббуси раисҷумҳури феълӣ амалӣ шуда, ҳадафи онро роҳбари давлат идомаи ислоҳот арзёбӣ кардаст
2022-09-21T17:00+0500
2022-09-21T17:00+0500
2022-09-21T18:51+0500
қазоқистон
идм
сиёсат
интихобот
президентӣ
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:6:1333:756_1920x0_80_0_0_77920acdab845d19a68a76ada1c635d4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон ба рӯзи 20 ноябр таъйин шуд. Фармон дар ин бораро президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев имзо кардааст. Бар асоси ин фармон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муваззаф шудааст, ки омодагиҳоро ба баргузории интихобот оғоз намояд. Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Парлумони Қазоқистон 16 сентябр тағйирот ба конститутсияи кишварро дар ин бора қабул кард. Тоқаев зимни шарҳи ин тасмим онро ба манфиати давлат арзёбӣ кард. "Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болотар аст. Аз ин рӯ, омодаам, ки мӯҳлати ваколатамро кӯтоҳ карда, ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ равам", - гуфт Тоқаев.Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.
https://sputnik.tj/20220908/dukhtari-nazarboev-raisjumhur-meshavad-1051259977.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:0:1333:1000_1920x0_80_0_0_46a88e15581c580b2659c13dedbdc0ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, интихобот, президентӣ, қазоқистон
таъйин, интихобот, президентӣ, қазоқистон
Санаи интихоботи президентӣ дар Қазоқистон маълум шуд
17:00 21.09.2022 (Навсозишуда: 18:51 21.09.2022) Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон бо ташаббуси раисҷумҳури феълӣ амалӣ шуда, ҳадафи онро роҳбари давлат чун идомаи ислоҳот арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон ба рӯзи 20 ноябр таъйин шуд. Фармон дар ин бораро президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев имзо кардааст.
Бар асоси ин фармон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муваззаф шудааст, ки омодагиҳоро ба баргузории интихобот оғоз намояд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад.
Парлумони Қазоқистон 16 сентябр тағйирот ба конститутсияи кишварро дар ин бора қабул кард.
Тоқаев зимни шарҳи ин тасмим онро ба манфиати давлат арзёбӣ кард.
"Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болотар аст. Аз ин рӯ, омодаам, ки мӯҳлати ваколатамро кӯтоҳ карда, ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ равам", - гуфт Тоқаев.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.
Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.