https://sputnik.tj/20220908/dukhtari-nazarboev-raisjumhur-meshavad-1051259977.html
Духтари Назарбоев раисҷумҳур мешавад?
Духтари Назарбоев раисҷумҳур мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, Дариға Назарбоева метавонад номзадии худро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кунад
2022-09-08T17:20+0500
2022-09-08T17:20+0500
2022-09-08T20:36+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
нурсултон назарбоев
дориға назарбоева
раисҷумҳур
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102756/24/1027562408_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_c654bde642b3cd8af0764872a4948300.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дариға Назарбоева, сенатори пешини парлумон ва духтари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳақ дорад, номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намояд, иттилоъ додааст хабаргузории "Orda.kz" дар истинод ба Шавкат Утемисов, аъзои Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон.Ба гуфтаи вай, чунин ҳақро низ раисҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ дорад.“Албатта Дариға метавонад ва пади ӯ ҳам ҳақ дорад номзадиашро пешбарӣ намоянд. Ҳар нафаре, ки ба талабот ҷавобгӯ бошад метавонад номзад ба курсии раёсатҷумҳур шавад”, - таъкид кард номбурда.Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр раисҷумҳури феълии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи интихоботи раёстҷумҳурии пеш аз муҳлат эълон кард. Интихоботи президентӣ тирмоҳи соли 2022 баргузор хоҳад шуд. Аммо мақомот то ҳол санаи дақиқи баргузории интихоботро расонаӣ накардааст.Инчунин Канат Мусин, вазири адлияи Қазоқистон дар бораи қонуни нави сабти ҳизбҳои сиёсӣ дар Қазоқистонро хабар дод.Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ 30 сол дар сари қудрат буд.Дар ҳамин ҳол исми Дариға Назарбоева ҳануз дар моҳи январи имсол дар пайи сарзадани ҳодисаҳои Қазоқистон расонаӣ шуда буд.Намояндаи мардумии қазоқистонӣ Айдос Сарим даъво карда буд, ки Дариға Назарбоева, вакили маҷлис бояд истеъфо диҳад.Вакили қазоқистонӣ гуфта буд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон ба Дариға Назарбоева рабт доранд.
https://sputnik.tj/20220902/poytakhti-qazoqiston-ostona-meshavad-1051131762.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102756/24/1027562408_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_dee5c6f869ce04885571f176a7f2c7d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, назарбоев, дариға, раёсатҷумҳур, номзади
тоҷикистон, қазоқистон, назарбоев, дариға, раёсатҷумҳур, номзади
Духтари Назарбоев раисҷумҳур мешавад?
17:20 08.09.2022 (Навсозишуда: 20:36 08.09.2022) Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, Дариға Назарбоева метавонад номзадии худро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кунад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дариға Назарбоева, сенатори пешини парлумон ва духтари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳақ дорад, номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намояд, иттилоъ додааст хабаргузории "Orda.kz" дар истинод ба Шавкат Утемисов, аъзои Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон.
Ба гуфтаи вай, чунин ҳақро низ раисҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ дорад.
“Албатта Дариға метавонад ва пади ӯ ҳам ҳақ дорад номзадиашро пешбарӣ намоянд. Ҳар нафаре, ки ба талабот ҷавобгӯ бошад метавонад номзад ба курсии раёсатҷумҳур шавад”, - таъкид кард номбурда.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр раисҷумҳури феълии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи интихоботи раёстҷумҳурии пеш аз муҳлат эълон кард. Интихоботи президентӣ тирмоҳи соли 2022 баргузор хоҳад шуд. Аммо мақомот то ҳол санаи дақиқи баргузории интихоботро расонаӣ накардааст.
Инчунин Канат Мусин, вазири адлияи Қазоқистон дар бораи қонуни нави сабти ҳизбҳои сиёсӣ дар Қазоқистонро хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ 30 сол дар сари қудрат буд.
Дар ҳамин ҳол исми Дариға Назарбоева ҳануз дар моҳи январи имсол дар пайи сарзадани ҳодисаҳои Қазоқистон расонаӣ шуда буд.
Намояндаи мардумии қазоқистонӣ Айдос Сарим даъво карда буд, ки Дариға Назарбоева, вакили маҷлис бояд истеъфо диҳад.
Вакили қазоқистонӣ гуфта буд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон ба Дариға Назарбоева рабт доранд.