https://sputnik.tj/20220921/farmon-jinpin-tamarkuz-artish-chin-1051581433.html
Фармони Ҷинпин барои тамаркузи артиши Чин ба амалиёти воқеии ҷангӣ
Фармони Ҷинпин барои тамаркузи артиши Чин ба амалиёти воқеии ҷангӣ
Sputnik Тоҷикистон
Чин азм дорад, бо пиёда кардани ислоҳот қувваҳои мусаллаҳи худро аз пешгомҳои ҷаҳон табдил диҳад, ки тавони посух ба ҳар бадхоҳро дошта бошад
2022-09-21T20:00+0500
2022-09-21T20:00+0500
2022-09-22T13:03+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
талабот
си ҷинпин
артиш
техники муосир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1d/1041269991_0:1:2989:1682_1920x0_80_0_0_2a8de84d63649142acb54dfbac620012.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Артиши озодихоҳи мардумии Чин бояд ба омодагӣ ба ҷанги воқеӣ тамаркуз кунад, изҳор дошт Си Ҷинпин, раисҷумҳур ва роҳбари Шӯрои марказии низомии ин кишвар. Хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба гузориши телевизиони марказии Чин, иттилоъ дод, ки дар Пекин бо иштироки аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин семинар дар мавриди ислоҳоти дифои миллӣ ва низомӣ баргузор шуд.Си Ҷинпин, ки вазифаи раиси Шӯрои марказии низомии Чинро низ бар ӯҳда дорад, зимни ироаи як қатор дастурҳо, таъкид намудаст, ки нерӯҳои мусаллаҳ бояд "ба омодагӣ ба ширкат дар амалиёти ҷангии воқеӣ тамаркуз кунанд".Роҳбари давлат изҳор доштааст, ки артиши Чин бояд дар роҳи таъйиншудаи ислоҳот қотеона пеш равад. Маврид ба зикр аст, ки соли 2015 мақомоти Чин азми ислоҳоти қувваҳои мусаллаҳашонро барои таҳкими тавоноияшон баён доштанд. Ҷинпин ният дорад, нерӯҳои мусаллаҳи муосиреро созад, ки тавони посух ба ҳар бадхоҳро дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, талаботи асосии ҳар артиш қобилияти ҷангӣ ва тавоноӣ барои пирӯзист. Роҳбари Чин соли 2017 эълон дошт, ки то соли 2035 бояд муосирсозии артиши кишвар пурра анҷом ёбад, ки ба тамоми чолишҳо тавони посух доданро дошта бошад. Таъкид шудаст, ки то соли 2050 бояд артиши Чин аз нерӯҳои пешгоми мусаллаҳ дар ҷаҳон бошанд.
https://sputnik.tj/20220915/si-jinpin-omoda-hamkori-rusiya-jahon-rushd-1051432292.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1d/1041269991_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_338c14dfe77f958ec007daae8fba7f0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, раис, чин, амалиёт, ҷангӣ, тамаркуз
дастур, раис, чин, амалиёт, ҷангӣ, тамаркуз
Фармони Ҷинпин барои тамаркузи артиши Чин ба амалиёти воқеии ҷангӣ
20:00 21.09.2022 (Навсозишуда: 13:03 22.09.2022) Чин азм дорад, бо пиёда кардани ислоҳот қувваҳои мусаллаҳи худро аз пешгомҳои ҷаҳон табдил диҳад, ки тавони посух ба ҳар бадхоҳро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Артиши озодихоҳи мардумии Чин бояд ба омодагӣ ба ҷанги воқеӣ тамаркуз кунад, изҳор дошт Си Ҷинпин, раисҷумҳур ва роҳбари Шӯрои марказии низомии ин кишвар.
Хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба гузориши телевизиони марказии Чин, иттилоъ дод, ки дар Пекин бо иштироки аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин семинар дар мавриди ислоҳоти дифои миллӣ ва низомӣ баргузор шуд.
Си Ҷинпин, ки вазифаи раиси Шӯрои марказии низомии Чинро низ бар ӯҳда дорад, зимни ироаи як қатор дастурҳо, таъкид намудаст, ки нерӯҳои мусаллаҳ бояд "ба омодагӣ ба ширкат дар амалиёти ҷангии воқеӣ тамаркуз кунанд".
Роҳбари давлат изҳор доштааст, ки артиши Чин бояд дар роҳи таъйиншудаи ислоҳот қотеона пеш равад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2015 мақомоти Чин азми ислоҳоти қувваҳои мусаллаҳашонро барои таҳкими тавоноияшон баён доштанд. Ҷинпин ният дорад, нерӯҳои мусаллаҳи муосиреро созад, ки тавони посух ба ҳар бадхоҳро дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, талаботи асосии ҳар артиш қобилияти ҷангӣ ва тавоноӣ барои пирӯзист.
Роҳбари Чин соли 2017 эълон дошт, ки то соли 2035 бояд муосирсозии артиши кишвар пурра анҷом ёбад, ки ба тамоми чолишҳо тавони посух доданро дошта бошад. Таъкид шудаст, ки то соли 2050 бояд артиши Чин аз нерӯҳои пешгоми мусаллаҳ дар ҷаҳон бошанд.