https://sputnik.tj/20220920/vokunish-hazfi-vozhai-forsii-donishgoh-balkh-1051554738.html
Вокунишҳо ба ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтмони ҷадиди Донишгоҳи Балх
Вокунишҳо ба ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтмони ҷадиди Донишгоҳи Балх
Sputnik Тоҷикистон
Ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи Донишгоҳи Балх, ки ахиран аз сӯйи толибон сурат гирифт, бо вокунишҳои густардаи сокинони ин вилоят рӯ ба рӯ шудааст
2022-09-20T17:05+0500
2022-09-20T17:05+0500
2022-09-20T19:47+0500
афғонистон
толибон
донишгоҳ
лавҳа
забони форсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/52/1030985244_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_41639dc947cf7ad34daaa72f78e718eb.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ҳоле ки муддати каме аз ҳазфи вожаи форсии шифохонаи ҳавзавии вилояти Ҳирот мегузарад, ба тозагӣ вожаи “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтимони ҷадиди Донишгоҳи Балх низ ҳазф шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Шаҳрвандони вилояти Балх таъйид мекунанд, ки толибони вожаи "донишгоҳ"-ро аз лавҳаи донишгоҳи давлатии ин вилоят ҳазф кардаанд.Онон мегӯянд Афғонистон хонаи муштараки афғонҳост ва бояд вожаи поҳантун ва донишгоҳ канори ҳам навишта шаванд то нишондиҳанда ваҳдати миллӣ миёни шаҳрвандон Афғонистон бошад.Онон мегӯянд дар ду тарафи ин лавҳа ба забони паштӯ навишта шуда ва насб шудааст.Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққат толибон мегӯяд ин тасмим бар асоси қонуни вазорат гирифта шудааст.Ба гуфта вай, дар қонун танҳо вожаи “поҳантун” омадааст ва чизе ба ном “донишгоҳ” вуҷӯд надорад.Ӯ меафзояд, ки ба ҷои лавҳаи “дарӣ” донишгоҳи Балх калима “пуҳинтун” ҷойгузин хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220919/tolibon-tojikistonu-qirghiziston-mushkilot-marz-muzokira-1051523057.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/52/1030985244_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_8d00a9f1a38e332394ffb2a960155d84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, дарӣ, доншгоҳ, пуҳанту, балх, форсӣ
афғонистон, дарӣ, доншгоҳ, пуҳанту, балх, форсӣ
Вокунишҳо ба ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтмони ҷадиди Донишгоҳи Балх
17:05 20.09.2022 (Навсозишуда: 19:47 20.09.2022) Ҳазфи вожаи форсии “донишгоҳ” аз лавҳаи Донишгоҳи Балх, ки ахиран аз сӯйи толибон сурат гирифт, бо вокунишҳои густардаи сокинони ин вилоят рӯ ба рӯ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ҳоле ки муддати каме аз ҳазфи вожаи форсии шифохонаи ҳавзавии вилояти Ҳирот мегузарад, ба тозагӣ вожаи “донишгоҳ” аз лавҳаи сохтимони ҷадиди Донишгоҳи Балх низ ҳазф шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Шаҳрвандони вилояти Балх таъйид мекунанд, ки толибони вожаи "донишгоҳ"-ро аз лавҳаи донишгоҳи давлатии ин вилоят ҳазф кардаанд.
Онон мегӯянд Афғонистон хонаи муштараки афғонҳост ва бояд вожаи поҳантун ва донишгоҳ канори ҳам навишта шаванд то нишондиҳанда ваҳдати миллӣ миёни шаҳрвандон Афғонистон бошад.
Онон мегӯянд дар ду тарафи ин лавҳа ба забони паштӯ навишта шуда ва насб шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққат толибон мегӯяд ин тасмим бар асоси қонуни вазорат гирифта шудааст.
Ба гуфта вай, дар қонун танҳо вожаи “поҳантун” омадааст ва чизе ба ном “донишгоҳ” вуҷӯд надорад.
Ӯ меафзояд, ки ба ҷои лавҳаи “дарӣ” донишгоҳи Балх калима “пуҳинтун” ҷойгузин хоҳад шуд.