Толибон: Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти марзиро аз роҳи музокираву тафоҳум ҳал кунанд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Обуна шудан
Толибон мегӯянд, даргирии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба амнияти минтақа манфӣ хоҳад буд ва аз ду кишвар хост, мушкилоти марзиро бо роҳи музокира ҳал намоянд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Вазорати хориҷаи давлати муваққати толибон дар баёнияе хостори ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз тариқи музокираву тафоҳум шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки Вазорати умури хориҷаи Имороти исломӣ даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро мояи нигаронӣ дониста ва ин даргириҳо боис ба эҷоди мушкилот ба ғайринизомиёни ду тараф низ шудааст ва ба вижа дар Қирғизистон ҳазорон ғайринизомӣ маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуда, ки мояи таассуф аст
“Иморати исломӣ аз ду тараф мехоҳад, ки мушкилоти марзиро аз роҳи музокироту тафоҳум ҳал кунанд. Идомаи даргириҳо метавонад рӯйи амнияту суботи минтақа таъсири манфӣ гузорад”, - таъкид кардааст сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон.
Ёдовар мешавем, ки даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи панҷшанбе шуруъ шуд ва аз ҳар ду тараф теъдоде куштаву захмӣ бар ҷой гузошт ва хисороти қобили тавваҷуҳи моддӣ низ дар пай доштааст.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Вокуниши Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҳамлаи паҳподии Қирғизистон ба масҷид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, аз аслиҳаи вазнин, аз ҷумла чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода кардааст.
Ҳадафи ҳамла, ба гуфтаи ин ниҳод, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ҷамъиятӣ буданд.
"Аз ҷумла, 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти "Овчӣ-Қалъача"-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шуд",- гуфтааст манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0