https://sputnik.tj/20220920/sharh-efreytor-starshina-praporshik-qirghiz-tojikiston-1051542205.html
Шарҳи боздошту раҳоии 2 ефрейтор, старшина ва прапоршики қирғиз дар Тоҷикистон
Шарҳи боздошту раҳоии 2 ефрейтор, старшина ва прапоршики қирғиз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шароити боздошт, нигоҳдории 4 низомии Қирғизистонро баён дошта, тавзеҳ дод, ки чаро онҳоро раҳо кард
2022-09-20T11:00+0500
2022-09-20T11:00+0500
2022-09-20T13:57+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
дастгир
боздошт
раҳоӣ
низомӣ
вазорати умури дохилии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039935011_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_78369d7d75862b8a14cc2bc6f043000b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек 4 низомии боздоштшударо ба ҷониби Қирғизистон супорид. Ин нуктаро бо нашри як иттилоия Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баён доштаст. Ба иттилои манбаъ, низомиёни мазкур дар ҳудуди марзи давлатии Тоҷикистон зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дастгир карда шуда буданд. Ин ниҳод дар феҳрасти боздоштшудаҳо прапоршики 27-солаи дидбонгоҳи сарҳадии "Достук"-и ноҳияи Бодканд, старшинаи 38-солаи дидбонгоҳи сарҳадии "Достук"-и ноҳияи мазкурро ном бурдаст. Ҳамчунин дар миёни боздоштшудаҳо 2 сарбози қатории ҷавон, ефрейтори 20-солаи қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Қирғизистон ва ефрейтори 21-солаи қушунҳои сарҳадии ин кишвар қарор доштаанд. "Тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ низомиёни Қирғизистон бо ёрии тиббӣ, хурду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки тибқи созиши Тоҷикистону Қирғизистон шоми 19 сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, 4 нафар низомии дастгиршуда ба мақомоти қирғиз супорида шуданд. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.
https://sputnik.tj/20220920/shab-marz-maqomot-mardum-1051541829.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039935011_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_02fb866efa615ba94f7e5e26e012c113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, низомӣ, қирғиз, бозпас,
душанбе, низомӣ, қирғиз, бозпас,
Шарҳи боздошту раҳоии 2 ефрейтор, старшина ва прапоршики қирғиз дар Тоҷикистон
11:00 20.09.2022 (Навсозишуда: 13:57 20.09.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шароити боздошт ва нигоҳдории 4 низомии Қирғизистонро баён дошта, тавзеҳ дод, ки чаро онҳоро раҳо кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек 4 низомии боздоштшударо ба ҷониби Қирғизистон супорид.
Ин нуктаро бо нашри як иттилоия Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баён доштаст.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни мазкур дар ҳудуди марзи давлатии Тоҷикистон зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дастгир карда шуда буданд.
Ин ниҳод дар феҳрасти боздоштшудаҳо прапоршики 27-солаи дидбонгоҳи сарҳадии "Достук"-и ноҳияи Бодканд, старшинаи 38-солаи дидбонгоҳи сарҳадии "Достук"-и ноҳияи мазкурро ном бурдаст.
Ҳамчунин дар миёни боздоштшудаҳо 2 сарбози қатории ҷавон, ефрейтори 20-солаи қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Қирғизистон ва ефрейтори 21-солаи қушунҳои сарҳадии ин кишвар қарор доштаанд.
"Тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ низомиёни Қирғизистон бо ёрии тиббӣ, хурду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки тибқи созиши Тоҷикистону Қирғизистон шоми 19 сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, 4 нафар низомии дастгиршуда ба мақомоти қирғиз супорида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.