Кундакафонии Лукашенко барои зимистонгузаронии Аврупо –видео

Обуна шудан
Раҳбари Беларус ҳангоми кундакафонӣ дар фикри он аст, ки чӣ тавр ҳезумҳои омодашударо ба шаҳрвандони оддӣ Аврупо бидиҳад
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар қароргоҳи худ дар Дроздӣ ҳамроҳ бо Сергей Тетерин, ки пештар раиси Федератсияи тенниси ин кишвар буд, барои зимистон ҳезум омода мекард.
Ҳамзамон Александр Лукашенко дар ин видео бо як зарба кундаро пора пора кард.
Лукашенко ба қатъи низоъ дар Украина ва пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ даъват кард
Дар видеое, ки аз ҷониби Телеграм-канали “Первый пул” нашр шудааст, шунида мешавад, ки раҳбари Беларус мехоҳад Аврупоро бо ҳезум кӯмак кунад, то онҳо сардиҳои сахтро сипарӣ намоянд ва қарздор нашаванд.
Дар ҳамин ҳол, Лукашенко гуфт, ин ҳезум бояд ба сокинони одии Аврупо дастрас бошад, на ба сиёсатмадорон. Белоруссия намехоҳад, ки онҳо дар сардӣ зиндагӣ кунанд, чун ки хуи Беларус дар маркази Аврупо ҷойгир аст.
Лукашенко: Бархе аз шарикони СААД ва ИДМ мавқеи интизориро интихоб кардаанд
Навори кундакафонии Аляксандр Лукашенко ва ҳамчунин шарҳи Сергей Тетеринро дар бораи он ки чаро ӯ мисли раҳбари давлат хуб кор намекунад, тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0