https://sputnik.tj/20220920/fashizm-mamuli-barkhurd-neru-ukraina-1051550654.html
Фашизми маъмулӣ - навҳаи бархӯрди нерӯҳои низомии Украина бо сокинон дар Харков
Фашизми маъмулӣ - навҳаи бархӯрди нерӯҳои низомии Украина бо сокинон дар Харков
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Харков тоза кардани аҳолӣ аз "унсурҳои руспараст" босуръат давом дорад. Мардумро дар кӯчаҳо дастгир карда, ба самти номаълум мебаранд
2022-09-20T15:30+0500
2022-09-20T15:30+0500
2023-02-08T19:45+0500
украина
террор
тарс
ҳарос
мактаби русӣ
зиндон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/05/1050505150_0:0:2839:1597_1920x0_80_0_0_ddbdedc93edf8881f0b1c639cef6a613.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik, Владимир Ковалев. Ҳама чиз метавонад сабаби интиқом гардад - аз пост дар шабакаҳои иҷтимоӣ то танқиди ҳамсояи ранҷидахотир.Шикори инсонМатбуоти Украина аз гузоришҳое пур шудааст, ки артиш, ХАУ ва пулиси онҳо алайҳи ба истилоҳ "ҳамдаст”-он чӣ гуна меҷанганд. Зимнан дар пушти ин ҳама терроризми воқеӣ меистад. Киев онҳоеро, ки тибқи қоидаҳои нав зиндагӣ карданро оғоз карда, ба стандартҳои Русия дар маориф, ҷараёни кор ва тандурустии Русия гузаштаанд, душмани давлат эълон мекунад.Кор дар макотиби русӣ то се сол, ба русҳо чизе фурӯхтан ё дигар хидматрасониро анҷом додан панҷ, дар маъмурияти онҳо вазифа гирифтанд, дар ҳалли масъалаҳои ташкилӣ иштирок кардан 10, додрас ё корманди пулис будан 15, брои дастгирии иттилоотии сиёсати Русия 20 соли зиндонро ба дунбол дорад. Агар дар натиҷаи кирдори "ҳамдаст" инсон ҳалок шуда бошад ва ё дигар "оқибатхои вазнин" рӯй дода бошад, ӯ зиндони якумрӣ хоҳад шуд. Зиёда аз ҳазор чунин парванда боз шудааст. Гузашта аз ин маҳкумшудагон ба асирони ҳарбӣ иваз карда намешаванд.Илова бар ин онҳо барои хиёнат ба Ватан зиндонӣ мешаванд. Аммо дар ин ҳолат додситонӣ бояд зарари ба истиқлол, тамомияти арзӣ, қобилияти дифоӣ ё амнияти иттилоотии Украинаро исбот кунад. "Ҳамдаст"-онро шароити вуҷуди робитаи оддӣ бо намояндагони Русия кифоя аст, ки пушти милаҳои зиндон барад.Дар интернет видеоҳои зиёде мавҷуданд, ки чӣ гуна артиши Украина, масалан, дар Купянск чарх мезанад ва онҳоеро меҷӯяд, ки бо ин ё он роҳ бо русҳо ҳамкорӣ кардаанд. Мардумро мезананд, таҳқир ва маҷбур мекунанд, ки барои кор дар Маскав бахшиш пурсанд. Украинҳои оддӣ мисли ҳайвонҳои шикоршуда дар гирду атрофи "заминҳои озодшуда" ҳаракат мекунанд. Ҳар кас дар ҳар лаҳза метавонад хоин эълон шавад.Ҳикояҳои ҳақиқӣОдамонро нерӯҳои ”мудофиаи минтақаӣ" дар вилояти Харков шикор мекунанд. Ҷазодиҳандагон аз ҳисоби ҷузъу томҳое, ки моҳҳои охир талафоти калон дода буданд, махсус ташкил карда шуданд. Ба навиштаи расонаҳо, Киев талаб мекунад, то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ шаҳрҳои Изюм, Балаклея, Купянск ва дигар шаҳракҳои вилояти Харковро, ки артиши Русия дар он ҷо мустақар буд, аз “душманони Украина” пок кунад. Агар ҷанговарон барномаро иҷро накунанд, қувваҳои мудофиа аз вилояти Лвов ба ёрӣ фиристода мешаванд.Валерий Марченко, мири Изюм, ки аз ҷониби Киев таъин шуда буд, бепарвоёна тасвир мекунад, ки "тасфия тақрибан даҳ рӯз давом мекунад... Шаҳр ором аст, низомиён ба амалиёти поксозӣ машғуланд".Дар амал ин тавр мешавад: мошини мулкие дар назди шахсе меистад ва аз он якчанд нафар ҳарбӣ мебароянд. Дар кӯча онҳо пурсиш ташкил мекунанд: ба кӣ кор кардааст, чанд пул гирифтааст, чаро розӣ шудааст, ки бо русҳо ҳамкорӣ кунад. Новобаста аз ҷавобҳо сарнавишти "ҳамдаст" аллакай муҳр зада шудааст.Масалан, Валентина аз Волноваха чанд руз боз бо дугонааш, ки дар наздикии Харков истиқомат мекунад, робита карда наметавонад. То омадани нерӯҳои иттифоқчии Русия ҶХД ва ҶХЛ шавҳараш дар шуъбаи маҳаллии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ кор мекард ва дар назди мақомоти нав наҷотдиҳанда боқӣ монд: одамонеро, ки аз тирпарронии Украина зарар дида буданд, аз зери замин, харобаҳо, биноҳои истиқоматии тахрибшуда берун овард. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти сиёсӣ надошт, танҳо ба дигарон кӯмак мекард.Ба ҷазодиҳандагон аксари вақт ҳамсояҳо кӯмак мекунанд: баъзеҳо ҳисоб мекунанд, дигарон умедворанд, ки бо ин хатарро аз худ дур мекунанд, қисме ба Русия нафрат доранд.Евгения аз деҳаи Борисовка мегӯяд: "Ман чун ҳамшираи шафқат кор мекардам. Вақте ки артиши Русия рафт, ҳамсояҳо гуфтанд, ки маро ба дасти украинҳо месупоранд ва гулӯямро мебуранд. Рӯйхатеро барои афроде, ки бояд қатл шаванд, тартиб додаанд." Вай тавонист фирор кунад. Ҳоло вай дар лагери паноҳандаҳо дар вилояти Белгород аст.Раъйи мардумДар ҳамин ҳол на ҳама украиниҳо ин қадар бераҳм ҳастанд. Ба гуфтаи Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷомеашиносии Киев, тақрибан нисфи шаҳрвандон бар ин назаранд, ки тоҷирон ва омӯзгорон барои ҳамкорӣ бо Русия набояд муҷозот шаванд. Таъқиби табибон аз ҷониби 20 фоиз, шахсони мансабдор аз тарафи 69 дарсад ҷонибдорӣ шудааст."Ҳеҷ кас шубҳа надошт, ки мақомоти Украина дар ин қаламравҳо чӣ гуна рафтор мекунанд. Киев ҳеҷ гоҳ ба шаҳрвандони худ раҳм накардааст ва сокинони соҳили чапи Украинаро дар он ҷо умуман инсон намеҳисобанд. Инро ҳатто дар мисоли Николаев, ки таҳти назорати Украина аст ва муҳосира нашудааст, аммо дар интиқоли об, ғизо ва дору монеа эҷод мекунад", - мегӯяд коршиноси сиёсӣ Александр Дудчак.Коршинос таъкид мекунад, ки барои муттаҳам шудан ба ҳамкорӣ бо Кремл доштани рақами русӣ дар телефон ё беэҳтиромӣ нисбат ба бархе аз сиёсатмадорони украинӣ кофист. Саркашӣ аз басиҷшавӣ низ хиёнат аст. Барои содда кардани табъид мақомот ҳатто як барномаи махсуси онлайнӣ эҷод карданд, ки дар он шумо метавонед зуд ба ХАУ раддия пешниҳод кунед.Дар баробари ин Ғарб ҳатто дар бораи маҳкум кардани Киев фикр намекунад, мегӯяд коршиноси сиёсӣ Сергей Марков.Ин сиёсат аз соли 2014 инҷониб пиёда мешавад, аммо қаблан нозиҳои ҷадид, пеш аз ҳама дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оҳангро муқаррар мекарданд. Ҳоло тамоми давлат зери ҳукмронии онҳост, мегӯяд ин коршинос."Украинаи муосирро метавон бо режимҳои фашистии асри 20 дар Италия ва Олмон муқоиса кард. Интихоби кураторҳои ғарбӣ тасодуфӣ нест - чунин системаҳои сиёсӣ дар шароити ҷанг самаранокии баланд нишон доданд", - таъкид мекунад Марков.Коршиносоне, ки бо РИА “Новости” мусоҳиба кардаанд, бар ин назаранд, ки Киев танҳо як ҳадаф дорад - тарсонидани украиниҳои дигар бо қатли омми сокинони вилояти Харков ва маҷбур кардани онҳо ба хотимаи ҳамкорӣ бо Русия.
https://sputnik.tj/20220919/noumedihoi-vashingtonu-brussel-az-prezidenti-ukraina-1051515158.html
https://sputnik.tj/20220907/rusiya-amaliyot-ukraina-putin-1051217306.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/05/1050505150_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_06f2a25eca3be00b6c6b3409fca4fa61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фашизм, бархӯрд, нерӯҳои низомӣ, украина, сокин, харков
фашизм, бархӯрд, нерӯҳои низомӣ, украина, сокин, харков
Фашизми маъмулӣ - навҳаи бархӯрди нерӯҳои низомии Украина бо сокинон дар Харков
15:30 20.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Дар вилояти Харков тоза кардани аҳолӣ аз "унсурҳои руспараст" босуръат давом дорад. Мардумро дар кӯчаҳо дастгир карда, ба самти номаълум мебаранд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik, Владимир Ковалев. Ҳама чиз метавонад сабаби интиқом гардад - аз пост дар шабакаҳои иҷтимоӣ то танқиди ҳамсояи ранҷидахотир.
Матбуоти Украина аз гузоришҳое пур шудааст, ки артиш, ХАУ ва пулиси онҳо алайҳи ба истилоҳ "ҳамдаст”-он чӣ гуна меҷанганд. Зимнан дар пушти ин ҳама терроризми воқеӣ меистад. Киев онҳоеро, ки тибқи қоидаҳои нав зиндагӣ карданро оғоз карда, ба стандартҳои Русия дар маориф, ҷараёни кор ва тандурустии Русия гузаштаанд, душмани давлат эълон мекунад.
Кор дар макотиби русӣ то се сол, ба русҳо чизе фурӯхтан ё дигар хидматрасониро анҷом додан панҷ, дар маъмурияти онҳо вазифа гирифтанд, дар ҳалли масъалаҳои ташкилӣ иштирок кардан 10, додрас ё корманди пулис будан 15, брои дастгирии иттилоотии сиёсати Русия 20 соли зиндонро ба дунбол дорад. Агар дар натиҷаи кирдори "ҳамдаст" инсон ҳалок шуда бошад ва ё дигар "оқибатхои вазнин" рӯй дода бошад, ӯ зиндони якумрӣ хоҳад шуд. Зиёда аз ҳазор чунин парванда боз шудааст. Гузашта аз ин маҳкумшудагон ба асирони ҳарбӣ иваз карда намешаванд.
Илова бар ин онҳо барои хиёнат ба Ватан зиндонӣ мешаванд. Аммо дар ин ҳолат додситонӣ бояд зарари ба истиқлол, тамомияти арзӣ, қобилияти дифоӣ ё амнияти иттилоотии Украинаро исбот кунад. "Ҳамдаст"-онро шароити вуҷуди робитаи оддӣ бо намояндагони Русия кифоя аст, ки пушти милаҳои зиндон барад.
Дар интернет видеоҳои зиёде мавҷуданд, ки чӣ гуна артиши Украина, масалан, дар Купянск чарх мезанад ва онҳоеро меҷӯяд, ки бо ин ё он роҳ бо русҳо ҳамкорӣ кардаанд. Мардумро мезананд, таҳқир ва маҷбур мекунанд, ки барои кор дар Маскав бахшиш пурсанд. Украинҳои оддӣ мисли ҳайвонҳои шикоршуда дар гирду атрофи "заминҳои озодшуда" ҳаракат мекунанд. Ҳар кас дар ҳар лаҳза метавонад хоин эълон шавад.
Одамонро нерӯҳои ”мудофиаи минтақаӣ" дар вилояти Харков шикор мекунанд. Ҷазодиҳандагон аз ҳисоби ҷузъу томҳое, ки моҳҳои охир талафоти калон дода буданд, махсус ташкил карда шуданд. Ба навиштаи расонаҳо, Киев талаб мекунад, то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ шаҳрҳои Изюм, Балаклея, Купянск ва дигар шаҳракҳои вилояти Харковро, ки артиши Русия дар он ҷо мустақар буд, аз “душманони Украина” пок кунад. Агар ҷанговарон барномаро иҷро накунанд, қувваҳои мудофиа аз вилояти Лвов ба ёрӣ фиристода мешаванд.
Валерий Марченко, мири Изюм, ки аз ҷониби Киев таъин шуда буд, бепарвоёна тасвир мекунад, ки "тасфия тақрибан даҳ рӯз давом мекунад... Шаҳр ором аст, низомиён ба амалиёти поксозӣ машғуланд".
Дар амал ин тавр мешавад: мошини мулкие дар назди шахсе меистад ва аз он якчанд нафар ҳарбӣ мебароянд. Дар кӯча онҳо пурсиш ташкил мекунанд: ба кӣ кор кардааст, чанд пул гирифтааст, чаро розӣ шудааст, ки бо русҳо ҳамкорӣ кунад. Новобаста аз ҷавобҳо сарнавишти "ҳамдаст" аллакай муҳр зада шудааст.
Масалан, Валентина аз Волноваха чанд руз боз бо дугонааш, ки дар наздикии Харков истиқомат мекунад, робита карда наметавонад. То омадани нерӯҳои иттифоқчии Русия ҶХД ва ҶХЛ шавҳараш дар шуъбаи маҳаллии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ кор мекард ва дар назди мақомоти нав наҷотдиҳанда боқӣ монд: одамонеро, ки аз тирпарронии Украина зарар дида буданд, аз зери замин, харобаҳо, биноҳои истиқоматии тахрибшуда берун овард. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти сиёсӣ надошт, танҳо ба дигарон кӯмак мекард.
"Ба гуфтаи ҳамкорон, ӯро мустақиман аз ҷои кораш куҷо бурданд, ҳеҷ кас намедонад. Ҳоло дугонааш тамос намегирад, ба паёмҳо посух намедиҳад", - нигарон аст Валентина.
Ба ҷазодиҳандагон аксари вақт ҳамсояҳо кӯмак мекунанд: баъзеҳо ҳисоб мекунанд, дигарон умедворанд, ки бо ин хатарро аз худ дур мекунанд, қисме ба Русия нафрат доранд.
Евгения аз деҳаи Борисовка мегӯяд: "Ман чун ҳамшираи шафқат кор мекардам. Вақте ки артиши Русия рафт, ҳамсояҳо гуфтанд, ки маро ба дасти украинҳо месупоранд ва гулӯямро мебуранд. Рӯйхатеро барои афроде, ки бояд қатл шаванд, тартиб додаанд." Вай тавонист фирор кунад. Ҳоло вай дар лагери паноҳандаҳо дар вилояти Белгород аст.
Дар ҳамин ҳол на ҳама украиниҳо ин қадар бераҳм ҳастанд. Ба гуфтаи Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷомеашиносии Киев, тақрибан нисфи шаҳрвандон бар ин назаранд, ки тоҷирон ва омӯзгорон барои ҳамкорӣ бо Русия набояд муҷозот шаванд. Таъқиби табибон аз ҷониби 20 фоиз, шахсони мансабдор аз тарафи 69 дарсад ҷонибдорӣ шудааст.
"Ҳеҷ кас шубҳа надошт, ки мақомоти Украина дар ин қаламравҳо чӣ гуна рафтор мекунанд. Киев ҳеҷ гоҳ ба шаҳрвандони худ раҳм накардааст ва сокинони соҳили чапи Украинаро дар он ҷо умуман инсон намеҳисобанд. Инро ҳатто дар мисоли Николаев, ки таҳти назорати Украина аст ва муҳосира нашудааст, аммо дар интиқоли об, ғизо ва дору монеа эҷод мекунад", - мегӯяд коршиноси сиёсӣ Александр Дудчак.
Коршинос таъкид мекунад, ки барои муттаҳам шудан ба ҳамкорӣ бо Кремл доштани рақами русӣ дар телефон ё беэҳтиромӣ нисбат ба бархе аз сиёсатмадорони украинӣ кофист. Саркашӣ аз басиҷшавӣ низ хиёнат аст. Барои содда кардани табъид мақомот ҳатто як барномаи махсуси онлайнӣ эҷод карданд, ки дар он шумо метавонед зуд ба ХАУ раддия пешниҳод кунед.
Дар баробари ин Ғарб ҳатто дар бораи маҳкум кардани Киев фикр намекунад, мегӯяд коршиноси сиёсӣ Сергей Марков.
"Лӯхтакҳо дар раҳбарии ин кишвар ҳастанд, Украина бояд ба кишваре зидди Русия мубаддал шавад, аз ин рӯ, русизудоии хушунатомези аҳолӣ идома дорад. Онҳое, ки таслим намешаванд, қурбони интиқодҳои шадиди сиёсӣ мешаванд", - қайд мекунад ин таҳлилгар.
Ин сиёсат аз соли 2014 инҷониб пиёда мешавад, аммо қаблан нозиҳои ҷадид, пеш аз ҳама дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оҳангро муқаррар мекарданд. Ҳоло тамоми давлат зери ҳукмронии онҳост, мегӯяд ин коршинос.
"Украинаи муосирро метавон бо режимҳои фашистии асри 20 дар Италия ва Олмон муқоиса кард. Интихоби кураторҳои ғарбӣ тасодуфӣ нест - чунин системаҳои сиёсӣ дар шароити ҷанг самаранокии баланд нишон доданд", - таъкид мекунад Марков.
Коршиносоне, ки бо РИА “Новости” мусоҳиба кардаанд, бар ин назаранд, ки Киев танҳо як ҳадаф дорад - тарсонидани украиниҳои дигар бо қатли омми сокинони вилояти Харков ва маҷбур кардани онҳо ба хотимаи ҳамкорӣ бо Русия.