https://sputnik.tj/20220907/rusiya-amaliyot-ukraina-putin-1051217306.html
Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин
Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин
Sputnik Тоҷикистон
Русия бо амалиёт дар Украина мехоҳад, низоъро, ки ҳанӯз соли 2014-ум мақомдорони Киев алайҳи мардуми худ оғоз карданд, поин диҳад
2022-09-07T12:08+0500
2022-09-07T12:08+0500
2022-09-07T19:14+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
владимир путин
амалиёт
низомӣ
украина
бурд
бохт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047806261_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_d9eb57e162271d1a8c0775da5c231e32.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Русия аз амалиёти низомӣ дар Украина чизеро набохтааст ва нахоҳад бохт, изҳор бовар кард президент Владимир Путин. Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли барандаи Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток дар мавриди бурду бохти Русия аз амалиёт дар Украина таъкид кард. Вай афзуд, ки дар ин муддат истиқлоли Русия таҳким ёфт, то ҷое раванди бисёрқутбӣ сурат гирифта истодааст. Путин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи ин ҳама ба фоидаи Русия ва тамоми ҷаҳон аст. Таҳкими истиқлоли Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар мавқеъгириҳо дар сиёсати хориҷиро аз ҷумлаи натиҷаҳои мусбат арзёбӣ намуд. Вай таъкид кард, ки Русия ин низоъро оғоз накардааст, балки талош дорад ба он поён диҳад. Ӯ тавзеҳ дод, ки онро ҳанӯз соли 2014-ум оғоз кардаанду, алайҳи мардуми худ аз силоҳу амалиёт кор бурданд, Русия танҳо баъди талошҳои чандбораи мусолиматомез бо шеваи онҳо посух дод, то мардумро ҳимоят кунад, гуфт Путин. Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220903/chin-ima-nizo-ukraina-foida-1051135370.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047806261_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_39d7aa8346f4c2730ed8278a29a93cd9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, бурд, бохт, амалиёт, украина
путин, бурд, бохт, амалиёт, украина
Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин
12:08 07.09.2022 (Навсозишуда: 19:14 07.09.2022) Русия бо амалиёт дар Украина мехоҳад низоеро, ки ҳанӯз соли 2014, баъди табаддулоти давлатӣ алайҳи мардуми худӣ оғоз шуд, поин диҳад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Русия аз амалиёти низомӣ дар Украина чизеро набохтааст ва нахоҳад бохт, изҳор бовар кард президент Владимир Путин.
Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли барандаи Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток дар мавриди бурду бохти Русия аз амалиёт дар Украина таъкид кард.
Вай афзуд, ки дар ин муддат истиқлоли Русия таҳким ёфт, то ҷое раванди бисёрқутбӣ сурат гирифта истодааст. Путин изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи ин ҳама ба фоидаи Русия ва тамоми ҷаҳон аст.
Таҳкими истиқлоли Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар мавқеъгириҳо дар сиёсати хориҷиро аз ҷумлаи натиҷаҳои мусбат арзёбӣ намуд.
Вай таъкид кард, ки Русия ин низоъро оғоз накардааст, балки талош дорад ба он поён диҳад. Ӯ тавзеҳ дод, ки онро ҳанӯз соли 2014-ум оғоз кардаанду, алайҳи мардуми худ аз силоҳу амалиёт кор бурданд, Русия танҳо баъди талошҳои чандбораи мусолиматомез бо шеваи онҳо посух дод, то мардумро ҳимоят кунад, гуфт Путин.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.