Дар Донетск аз 23 то 27 сентябр ҳамапурсӣ баргузор мекунанд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина
Пресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Ин ҳамапурсӣ ба хотири пайвастани Ҷумҳурии Мардумии Донетск ба ҳайати Русия аз 23 то 27 сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Донетск (ҶМД) қасд дорад, бо баргузории ҳамапурсӣ дар оянда ин давлатро ба Русия мулҳақ кунад.
Хабаргузории ОИР “Новости” дар истинод ба изҳороти Денис Пушилин, раҳбари ҶМД хабар додааст, ки ҳамапурсӣ дар ин минтақа аз 23 то 27 сентябри соли равон баргузор мешавад.
“Донбасс ба хона бармегардад. Ба назари ман ин қавонин саривақтӣ мебшанд. Аз вакилон хоҳишмандам ин иқдомро дастгирӣ намоянд. Рӯзи ҳамапурсӣ аз 23 то 27 сентябр баргузор мешавад”, гуфт Денис Пушилин.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Украина дар моҳи апрели соли 2014 дар Донбасс алайҳи норозиёни табадуллоти давлатии моҳи ферал дар Украина амалиёти низомӣ оғоз карданд.
Президент Украины В. Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Фашизми маъмулӣ - навҳаи бархӯрди нерӯҳои низомии Украина бо сокинон дар Харков
Аз оғози даргирӣ дар Украина, ба иттилоъи СММ, беш аз 5,6 ҳазор нафар сокинони осоишта кушта шуданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0