https://sputnik.tj/20220920/burd-bokht-judokoron-tojik-musobiqa-tojikiston-1051546363.html
Бурду бохти ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон
Бурду бохти ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, кишвари мизбон аллакай соҳиби медал шуд
2022-09-20T13:06+0500
2022-09-20T13:06+0500
2022-09-20T15:08+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
хуҷанд
дзюдо
сабқат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0b/1049124577_0:14:680:397_1920x0_80_0_0_67eacde0c8c31b4497b6edbbec087455.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило бар ҳарифи русиягияш Обид Ҷебов дар даври ниҳоӣ пирӯз шуда, медали тило гирифт. Ин набард дар доираи 9-умин мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, доир шуд.Дар ин мусобиқа ҷудокори дигари тоҷик Акмал Муродов зери вазни то 90 кг аз ҷудокори эронӣ Қосим Бақчеқӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Бақчеқӣ дар даври навбатӣ ҳамакнун бо ҷудокори дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов сабқат мекунадҶудокори тоҷик Кароматулло Ҳакимов зери вазни то 90 кило ҷудокори ӯзбек Озобек Муротовро шикаст дода, ба даври нимниҳоии мусобиқаи Ҷоми Президенти ҶТ оид ба ҷудо роҳ ёфт.Мансур Раҳмон миёни сангинвазнҳо бо имтиёзи иппон Некрӯз Некбахтзодаро дар дақиқаҳои аввали сабқат мағлуб карда, дар даври чорякниҳоӣ бо Жамбул Тургиналиев аз Қазоқистон зӯрозмоӣ мекунад. Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд феълан идома дорад. Сабқат аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон дар вазнҳои -66кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг, инчунин дар ду вазн миёни занон 57кг ва -63 кг сурат мегирад. Дар ҳар вазн барои барандаи ҷойи аввал 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст.Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқа буданд.
https://sputnik.tj/20220916/judokoron-tojik-raqibon-bonufuz-pora-1051437740.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0b/1049124577_46:0:651:454_1920x0_80_0_0_4e5d99128228a2882863d5b0e4194679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мусобиқа, варзиш, байналмилалӣ, тоҷик
мусобиқа, варзиш, байналмилалӣ, тоҷик
Бурду бохти ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон
13:06 20.09.2022 (Навсозишуда: 15:08 20.09.2022) Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, кишвари мизбон аллакай соҳиби медал шуд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило бар ҳарифи русиягияш Обид Ҷебов дар даври ниҳоӣ пирӯз шуда, медали тило гирифт.
Ин набард дар доираи 9-умин мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, доир шуд.
Дар ин мусобиқа ҷудокори дигари тоҷик Акмал Муродов зери вазни то 90 кг аз ҷудокори эронӣ Қосим Бақчеқӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Бақчеқӣ дар даври навбатӣ ҳамакнун бо ҷудокори дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов сабқат мекунад
Ҷудокори тоҷик Кароматулло Ҳакимов зери вазни то 90 кило ҷудокори ӯзбек Озобек Муротовро шикаст дода, ба даври нимниҳоии мусобиқаи Ҷоми Президенти ҶТ оид ба ҷудо роҳ ёфт.
Мансур Раҳмон миёни сангинвазнҳо бо имтиёзи иппон Некрӯз Некбахтзодаро дар дақиқаҳои аввали сабқат мағлуб карда, дар даври чорякниҳоӣ бо Жамбул Тургиналиев аз Қазоқистон зӯрозмоӣ мекунад.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд феълан идома дорад. Сабқат аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон дар вазнҳои -66кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг, инчунин дар ду вазн миёни занон 57кг ва -63 кг сурат мегирад.
Дар ҳар вазн барои барандаи ҷойи аввал 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқа буданд.