https://sputnik.tj/20220916/judokoron-tojik-raqibon-bonufuz-pora-1051437740.html
Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз "пора" хоҳанд кард
Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз "пора" хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар чемпионати ҷаҳон беҳтарин ҷудочиёни ҷумҳурӣ барои гирифтани ҷойҳои асосӣ мубориза мебаранд: варзишкорон аз миёни 140 мамлакат бо онҳо қувваозмоӣ мекунанд
2022-09-16T20:35+0500
2022-09-16T20:35+0500
2022-09-16T20:52+0500
дар тоҷикистон
дзюдо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051422932_0:0:680:383_1920x0_80_0_0_7ddb7a8238fc6d1b64adbc291dc456d5.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, меравад. Ба ҳайати даста 9 варзишгар шомиланд: Нуралӣ Эмомалӣ (вазн - 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг). Инҳо бехтарин ҷудокорони ҷумҳурӣ мебошанд, ки чӣ дар мусобиқаҳои дохили мамлакат ва чӣ дар қаҳрамониҳои бузурги байналхалқӣ борҳо ширкат кардаанд. Ҳар кадоми онҳо дар кулвори худ муваффақиятҳои зиёд доранд. Дар раддабандии тимҳои ҷаҳон, ки 172 кишварро ташкил медиҳад, Тоҷикистон дар зинаи 41-ум қарор дорад. Ҷумҳурӣ бо 13253 хол дар ин зина нишастааст. Ба панҷгонаи беҳтарин Ҷопон, Русия, Фаронса, Бразилия ва Олмон шомиланд. Аз рӯи рейтинг, ҷудокорони пурқувват дар Қазоқистон мебошанд. Ҷумҳурӣ дар ин рӯйхат ҷои 12-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистон дар хати 17-ум, Қирғизистон дар 48-ум ва Туркманистон дар 66-ум ҷойгир шудаанд. Дар байни варзишкорони тоҷик Раҳимов натиҷаҳои бехтаринро дорад. Вай дар вазни +100 кг аз зинаи 3-юм ба зинаи 1-ум баромад. Ҳоло ҷудокор 3985 хол дорад. Дар мақоми дуюм - Устопириён дар вазни 90 кг. Ӯ дар ҷаҳон ҷои 9-умро (2587 хол) мегирад. Пештар ин варзишгар мақоми 13-умро ишғол мекард. Дар вазни 90 кило дар байни тоҷикон Маҷидов сеюм аст. Вай 15 зина боло рафт, ба ҷои 34-ум баромад. Варзишгар 881 хол дорад. Ризоев дар вазни худ 51-ум (766 хол), Хоҷазода 52-юм (777 хол) ва Сарахонов 57-ум (680 хол) мебошанд. Маҳмадбеков вазни 73 килоро ба 81 кг иваз кард ва ҳоло дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 350 имтиёз дар ҷои 87-ум қарор дорад. Бояд гуфт, ки дар чемпионат варзишгарони 140 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
https://sputnik.tj/20220825/orzu-kudak-judo-tojik-sir-muvaffaq-oshkor-1050952617.html
https://sputnik.tj/20220911/ishtirok-judokoron-sobiqador-1051315777.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051422932_0:0:680:510_1920x0_80_0_0_3991d70a14d5873a0aeaff847f62c332.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷудокорон тоҷик мусобиқа бонуфуз
ҷудокорон тоҷик мусобиқа бонуфуз
Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз "пора" хоҳанд кард
20:35 16.09.2022 (Навсозишуда: 20:52 16.09.2022) Дар чемпионати ҷаҳон беҳтарин ҷудочиёни ҷумҳурӣ барои гирифтани ҷойҳои асосӣ мубориза мебаранд: варзишкорон аз миёни 140 мамлакат бо онҳо қувваозмоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, меравад.
Ба ҳайати даста 9 варзишгар шомиланд: Нуралӣ Эмомалӣ (вазн - 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) , Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).
Инҳо бехтарин ҷудокорони ҷумҳурӣ мебошанд, ки чӣ дар мусобиқаҳои дохили мамлакат ва чӣ дар қаҳрамониҳои бузурги байналхалқӣ борҳо ширкат кардаанд.
Ҳар кадоми онҳо дар кулвори худ муваффақиятҳои зиёд доранд. Дар раддабандии тимҳои ҷаҳон, ки 172 кишварро ташкил медиҳад, Тоҷикистон дар зинаи 41-ум қарор дорад. Ҷумҳурӣ бо 13253 хол дар ин зина нишастааст.
Ба панҷгонаи беҳтарин Ҷопон, Русия, Фаронса, Бразилия ва Олмон шомиланд.
Аз рӯи рейтинг, ҷудокорони пурқувват дар Қазоқистон мебошанд. Ҷумҳурӣ дар ин рӯйхат ҷои 12-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистон дар хати 17-ум, Қирғизистон дар 48-ум ва Туркманистон дар 66-ум ҷойгир шудаанд.
Дар байни варзишкорони тоҷик Раҳимов натиҷаҳои бехтаринро дорад. Вай дар вазни +100 кг аз зинаи 3-юм ба зинаи 1-ум баромад. Ҳоло ҷудокор 3985 хол дорад.
Дар мақоми дуюм - Устопириён дар вазни 90 кг. Ӯ дар ҷаҳон ҷои 9-умро (2587 хол) мегирад. Пештар ин варзишгар мақоми 13-умро ишғол мекард.
Дар вазни 90 кило дар байни тоҷикон Маҷидов сеюм аст. Вай 15 зина боло рафт, ба ҷои 34-ум баромад. Варзишгар 881 хол дорад.
Ризоев дар вазни худ 51-ум (766 хол), Хоҷазода 52-юм (777 хол) ва Сарахонов 57-ум (680 хол) мебошанд.
Маҳмадбеков вазни 73 килоро ба 81 кг иваз кард ва ҳоло дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 350 имтиёз дар ҷои 87-ум қарор дорад. Бояд гуфт, ки дар чемпионат варзишгарони 140 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.