https://sputnik.tj/20220919/intiqol-pul-rusiya-tojikiston-afzoish-1051523977.html
Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар 400% афзоиш ёфтааст
Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар 400% афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгарон аз аввали соли 2022 афзоиши рекордии маблағи муҳоҷироне, ки аз Русия ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сабт карданд
2022-09-19T17:02+0500
2022-09-19T17:02+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
интиқоли пул
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Интиқоли пул ба хориҷа аз Русия аз аввали сол 400% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад "Известия" бо такя ба созмонҳои бузурги бонкӣ. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли 2021 афзоиши шумораи муомилот асосан дар кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёфтааст. Аммо маблағи дақиқи онҳо гуфта нашудааст. Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Молдова ҳамчунон самтҳои асосии интиқоли пул боқӣ мондаанд. Илова бар ин, дар рӯйхати кишварҳое, ки маблағҳо фаъолона фиристода шудаанд, Қазоқистон ва Беларус будаанд. Коршиносон мутмаинанд, ки аксари интиқолҳоро муҳоҷироне анҷом медиҳанд, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд ва ба хонаҳояшон ба наздикони худ пул мефиристанд. Гуфта мешавад, ки аз аввали сол бонкҳои Русия тадбирҳои мухталиф андешидаанд, то ниҳодҳои бонкӣ ба мушкилот дучор нашаванд ва таҳримҳо ба интиқоли хориҷӣ таъсир нагузоранд. Ҳоло маъмултарин хидматрасонӣ дар байни муштариёни бонкҳои Русия интиқол ба кортҳои муассисаҳои молиявии хориҷӣ мебошад. Post Bank гуфт, ки интиқолҳо дар замимаи мобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бештар аз ду баробар афзоиш ёфтааст. ВТБ хабар дод, ки шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ҳисоби ҷорӣ мекушоянд, онро пур мекунанд ва тавассути аризаи бонкӣ ё дар нуқтаи бонкӣ маблағ интиқол медиҳанд. Ҳақмузд низ тавассути системаҳои интиқоли байнибонкӣ низ аз сабаби қатъ шудани як қатор ташкилотҳои қарзӣ аз SWIFT меафзояд.
https://sputnik.tj/20220722/amonatbonk-sharikon-rusiya-rubl-1050178392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқол пул русия тоҷикистон афзоиш
интиқол пул русия тоҷикистон афзоиш
Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар 400% афзоиш ёфтааст
17:02 19.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Таҳлилгарон аз аввали соли 2022 афзоиши рекордии маблағи муҳоҷиронеро, ки аз Русия ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сабт карданд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Интиқоли пул ба хориҷа аз Русия аз аввали сол 400% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад "Известия" бо такя ба созмонҳои бузурги бонкӣ.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли 2021 афзоиши шумораи муомилот асосан дар кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёфтааст. Аммо маблағи дақиқи онҳо гуфта нашудааст.
Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Молдова ҳамчунон самтҳои асосии интиқоли пул боқӣ мондаанд.
Илова бар ин, дар рӯйхати кишварҳое, ки маблағҳо фаъолона фиристода шудаанд, Қазоқистон ва Беларус будаанд.
Коршиносон мутмаинанд, ки аксари интиқолҳоро муҳоҷироне анҷом медиҳанд, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд ва ба хонаҳояшон ба наздикони худ пул мефиристанд.
Гуфта мешавад, ки аз аввали сол бонкҳои Русия тадбирҳои мухталиф андешидаанд, то ниҳодҳои бонкӣ ба мушкилот дучор нашаванд ва таҳримҳо ба интиқоли хориҷӣ таъсир нагузоранд.
Ҳоло маъмултарин хидматрасонӣ дар байни муштариёни бонкҳои Русия интиқол ба кортҳои муассисаҳои молиявии хориҷӣ мебошад.
Post Bank гуфт, ки интиқолҳо дар замимаи мобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бештар аз ду баробар афзоиш ёфтааст. ВТБ хабар дод, ки шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ҳисоби ҷорӣ мекушоянд, онро пур мекунанд ва тавассути аризаи бонкӣ ё дар нуқтаи бонкӣ маблағ интиқол медиҳанд.
Ҳақмузд низ тавассути системаҳои интиқоли байнибонкӣ низ аз сабаби қатъ шудани як қатор ташкилотҳои қарзӣ аз SWIFT меафзояд.