https://sputnik.tj/20220722/amonatbonk-sharikon-rusiya-rubl-1050178392.html
"Амонатбонк" бо шарикон аз Русия ба додугирифт бо рубл гузаштааст
"Амонатбонк" бо шарикон аз Русия ба додугирифт бо рубл гузаштааст
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати бонки давлатии Тоҷикистон - "Амонатбонк" мегӯяд, таъсири таҳримоти ғарбӣ алайҳи Русия барои ниҳод мушкили ҷиддие эҷод накардааст
2022-07-22T12:40+0500
2022-07-22T12:40+0500
2022-07-22T12:53+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
амонатбонк
рубл
гузариш
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048291_0:5:2048:1157_1920x0_80_0_0_89d11f768a80ef15172e3efb9e81eec7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. "Амонатбонк" дар додугирифт бо шарикони бонкияш аз Русия пурра ба рубл гузаштааст. Дар ин бора Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, афзуд, ки таҳримот алайҳи Русия барои ин ниҳоди молиявӣ мушкилоти ҷиддие эҷод накардаанд. Ӯ изҳор дошт, бо шарикон аз Русия, ки таҳти таҳримот қарор гирифтаанд, додугирифт бо рубл роҳандозӣ гардид. Вай зикр намуд, ки дар марҳилаи аввали таҳримот каме мушкилот дар гузариши пардохтҳо бо евро ҷой дошт, аммо ин бонк гузинаҳои иловагиро пайдо кард. Икромӣ иттилоъ дод, ки бо бонкҳои дигар созишнома бастаанд, ки ҳаққашон каме қиматтар аст, аммо тамоми талаботи мизоҷонро дар мавриди гузариши пардохтҳо бо асъорро саривақт иҷро кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, ки яке аз бандҳои муҳими барномаи зиддибуҳронии ҷумҳурӣ роҳандозии пардохтҳо дар равобити тиҷорӣ бо шарикон бо пули миллӣ мебошад. Ба гуфтаи вай, ин мавзуъ пас аз эълони таҳримҳо алайҳи бархе аз шарикони тиҷории Тоҷикистон матраҳ шуд.Вазири иқтисод қайд кард, ки бахши хусусӣ ба воридот ва содироти маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст. Тибқи маълумоти мавҷуда, 70 дарсади қарордодҳое, ки бо шарикони рус имзо шудаанд, ҳисоббаробаркунии онҳо бо рубл сурат мегирад, илова намуд Завқизода.
https://sputnik.tj/20220722/sharh-bonkdor-sarusado-dollar-tavsiya-sokinon-1050175027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048291_0:52:2048:1588_1920x0_80_0_0_bfce392b9bf01b9d2322a5a2b0f49f0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амонатбонк, таъсир, таҳрим, русия
амонатбонк, таъсир, таҳрим, русия
"Амонатбонк" бо шарикон аз Русия ба додугирифт бо рубл гузаштааст
12:40 22.07.2022 (Навсозишуда: 12:53 22.07.2022) Раёсати бонки давлатии Тоҷикистон - "Амонатбонк" мегӯяд, таҳримоти ғарбӣ алайҳи Русия барои ин ниҳод мушкили ҷиддие эҷод накардаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. "Амонатбонк" дар додугирифт бо шарикони бонкияш аз Русия пурра ба рубл гузаштааст.
Дар ин бора Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, афзуд, ки таҳримот алайҳи Русия барои ин ниҳоди молиявӣ мушкилоти ҷиддие эҷод накардаанд.
Ӯ изҳор дошт, бо шарикон аз Русия, ки таҳти таҳримот қарор гирифтаанд, додугирифт бо рубл роҳандозӣ гардид.
Вай зикр намуд, ки дар марҳилаи аввали таҳримот каме мушкилот дар гузариши пардохтҳо бо евро ҷой дошт, аммо ин бонк гузинаҳои иловагиро пайдо кард. Икромӣ иттилоъ дод, ки бо бонкҳои дигар созишнома бастаанд, ки ҳаққашон каме қиматтар аст, аммо тамоми талаботи мизоҷонро дар мавриди гузариши пардохтҳо бо асъорро саривақт иҷро кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, ки яке аз бандҳои муҳими барномаи зиддибуҳронии ҷумҳурӣ роҳандозии пардохтҳо дар равобити тиҷорӣ бо шарикон бо пули миллӣ мебошад.
Ба гуфтаи вай, ин мавзуъ пас аз эълони таҳримҳо алайҳи бархе аз шарикони тиҷории Тоҷикистон матраҳ шуд.
Вазири иқтисод қайд кард, ки бахши хусусӣ ба воридот ва содироти маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст. Тибқи маълумоти мавҷуда, 70 дарсади қарордодҳое, ки бо шарикони рус имзо шудаанд, ҳисоббаробаркунии онҳо бо рубл сурат мегирад, илова намуд Завқизода.