Бозигари тоҷик аз нозукиҳои футболи Беларус гуфт

© Фото из социальных сетей Саидходжа МухаммадшарифиФутболист Саидходжа Мухаммадшарифи
Футболист Саидходжа Мухаммадшарифи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Обуна шудан
Бозигари тоҷик дастпарвари футболи Русия буда, дар қаҳрамониҳои гуногун бозӣ кардааст ва ҳоло мехоҳад бо дастаи наваш дар мусобиқоти Беларус дурахшад
ДУШАНБЕ, 19 сент — Sputnik. Футболбози тоҷик Саидхоҷа Муҳаммадшариф дар бораи бозӣ дар бошгоҳи "Шахтёр"-и Беларус аз шаҳри Петриков сухан гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар Беларус худро хеле хуб ҳис мекунад. Ӯ аз ташкили чемпионатҳо, майдонҳое, ки дар онҳо вохӯриҳо мегузаронанд, инчунин аз муҳити бошгоҳ изҳори қаноатмандӣ кард.
"Ҳадафи асосии мо пирӯзӣ дар лига ва ба лигаи олӣ баромадан аст. Ҷойҳои якуму дуюм ба шумо роҳхат ба лигаи олӣ медиҳанд", — таъкид кард футболбоз дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Варзишгар қайд кард, ки дар Беларус дар бораи футболи тоҷик кам маълумот доранд, аз ин рӯ, ӯ хушҳол аст, ки ҳамкасбони кунҷковашро ба футболи кишвараш ошно мекунад.
"Муқоисаи футболи маҳаллӣ бо футболи тоҷик мушкил аст, зеро дар ду кишвар сатҳи бозигарон боло рафтааст" , — мегуяд Муҳаммадшариф.
Вай гуфт, ки то охири сол дар "Шахтёр" меистад ва оянда ба идомаи вазъ тасмимгирӣ мекунад.
Молодежная сборная Таджикистана (U-20) по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳ ёфт
"Мехоҳам дар даста бимонам ва инчунин дар натиҷаи ниҳоӣ саҳм гузорам. Бубинем, ки баъд чӣ мешавад. Ҳама нақшаҳоро пас аз анҷоми мавсим таҳия мекунам", - афзуд ӯ.
Муҳаммадшариф 25 октябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мактаби бошгоҳи "Рубин"-и Қазонро хатм кардааст.
Дар ҳайати дастаи "Волга" соли 2013 ғолиби чемпионати Русия байни ҷавонони то 15-сола шуд. Соли 2015 дар тими хурди футболи "Автодор-Смоленск", баъдан дар тими ҷавонони "Чайка Песчанокопское"-и вилояти Ростов бозӣ карда, дар 15 бозӣ 11 гол задааст.
Соли 2017 футболбоз 4 бозӣ дар минтақаи ҷанубии чемпионати ПФЛ ва як бозӣ дар Ҷоми Русия анҷом додааст. Моҳи декабри ҳамон сол уро аз рӯйхати даста хориҷ карданд.
Қабл аз оғози мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 ба дастаи "Кӯктош" шомил шуд.
Тобистони соли 2018 ӯ ба Елетс кӯчид ва дар он ҷо дар мусобиқаи ҳаваскорон бозӣ кард. Соли 2019 Муҳаммадшариф як мавсимро дар "Хуҷанд" гузаронида, баъд ба "Кӯктош" баргашт ва сипас ба "Равшан" гузашт.
Дар "Шахтёр" футболбоз ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0