Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳ ёфт

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана (U-20) по футболу
Молодежная сборная Таджикистана (U-20) по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Обуна шудан
Пирӯзии дастаи мунтахаби кишвар дар бозӣ бо Камбоҷа маҳз бо шарофати голҳои Амадони Камолов ва Бежан Нишонбойзода буд, ки дастаро ба зинаи аввал баровард
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дастаи мунтахаби кишвар то расидан ба ин зина, дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ рақибонашон аз Камбоҷаро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.
Голҳоро Амадони Камолов ва Бежан Нишонбойзода заданд ва Хусрав Тоиров беҳтарин бозигар гардид.
Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, ҳудуди 5000 тамошобинро ҷамъ овард.
Таджикский футбольный арбитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Доварони тоҷик барои ҳакамӣ ба Ҷоми Осиё-2023 мераванд
Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар гурӯҳи 1-уми сабқати интихобӣ мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Лубнон бо шаш имтиёз дар зинаи дуввум, Сингапур бо ду имтиёзи дар зинаи сеюм, Камбоҷа ҷои чаҳорум (1 имтиёз) қарор доранд.
Чемпионати қитъавӣ бо ширкати 24 даста мебоист дар Чин баргузор мешуд, аммо бинобар вазъи ноустувори эпидемиологӣ Чин аз ташкили он даст кашид.
Кишваре, ки бозиҳои асосии футболи Осиё дар он сурат мегирад, то ҳол ном бурда нашудааст. Аммо Кореяи Ҷанубӣ ба ташкили чемпионат таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Унвони қаҳрамониро тими Қатар ҳимоя мекунад.
Лентаи хабарҳо
0