Жилин: Силоҳи ҳастаӣ омили боздорандаи ҷанги сеюми ҷаҳонист - видео

Обуна шудан
Агар силоҳи ҳастаӣ намебуд, барвақт дар қаламрави Русия ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ба шевае барангехта мешуд, изҳор дошт коршиноси масоили ҳарбӣ
Силоҳи ҳастаии бузургтарини ИМА имкони убури низомҳои зиддимушакии кишварҳои рақибро надорад, навиштаанд расонаҳои маъруфи амрикоӣ. Ин матлаб чӣ маъно дораду ҳадаф чист.
Александр Жилин, коршиноси ҳарбӣ мегӯяд, ин матлаб ду ҳадаф дорад, яке метавонад ҷалби Русия ба рақобати мусаллаҳсозӣ ва дуюм ҷалби пули бештари андозсупорандаҳо ба саноати ҳарбӣ мебошад.
Вай таъкид намуд, ки вазифаи аслии аслиҳаи ҳастаӣ ин омили боздорандагии он мебошад.
Дар харитаи ҷаҳон давлати нави ҳастаӣ пайдо шуд: он кадом аст?
Ба гуфтаи Жилин, суҳбатҳо атрофи ҷанги ҳастаӣ таҳрикандезанд, чун пирӯз шудан дар он ғайриимкон мебошад.
Ин ва дигар масоили марбут ба силоҳи ҳастаиро дар суҳбат бо Sputnik Александр Жилин тавзеҳ дод.
Аз ҷумла шарҳ дод, ки чаро расонаҳои амрикоӣ дар мавриди мушкили нерӯҳои ҳастаии ИМА овозапароканӣ мекунанд, чаро ИМА мехоҳад моҳвораро барои нобудсозии силоҳи ҳастаии ҳарифонро нобуд созад.
Лентаи хабарҳо
0