https://sputnik.tj/20220918/sarvaziri-majoriston-ukraina-qadar-qalamrav-1051495476.html
Сарвазири Маҷористон гуфт, Украина чӣ қадар қаламравашро метавонад аз даст диҳад
Сарвазири Маҷористон гуфт, Украина чӣ қадар қаламравашро метавонад аз даст диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Маҷористон ҳушдор дод, ки дар натиҷаи тӯл кашидани муноқиша бо Русия бо нисфи сарзаминҳои Украина чӣ метавонад рух диҳад
2022-09-18T14:40+0500
2022-09-18T14:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
виктор орбан
маҷористон
таҳрим
украина
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047077815_0:0:2797:1574_1920x0_80_0_0_4b32e22ef886068116a85ee0e0eca0ce.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Украина метавонад як қисми муҳими ҳудудиро аз даст диҳад, изҳор дошт сарвазири Маҷористон Виктор Орбан. Дар ин бора рӯзномаи "Nepszava" хабар медиҳад.Вай инчунин Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки амалиёти низомӣ ба миқёси феълияш расид. "Даргириҳо дар Украина маҳаллӣ мебуданд, аммо Ғарб дахолат кард ва онро ҷаҳонӣ кард", - nизщор дошт дошт сарвазир. Орбан дар бораи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Федератсияи Русия сухан ронда, қайд кард, ки онҳо мисли тир ба пои худ парондананд. "Аз сабаби бӯҳрони энержӣ, ки дар натиҷаи таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, кори то 40% саноати Аврупо метавонад дар фасли зимистон мутаваққиф шавад", - ҳушдор дод ӯ. Вай таъкид кард, ки мухолифи тамдиди маҳдудиятҳо алайҳи Русия мебошад. Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
https://sputnik.tj/20220913/hushdor-vashington-volodin-musallahsozi-1051364815.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047077815_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_7b33b8326e9aa0236925d48c28bbb139.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, орбан, тӯл, муноқиша, украина
ҳушдор, орбан, тӯл, муноқиша, украина
Сарвазири Маҷористон гуфт, Украина чӣ қадар қаламравашро метавонад аз даст диҳад
14:40 18.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Сарвазири Маҷористон ҳушдор дод, ки дар натиҷаи тӯл кашидани муноқиша бо Русия бо нисфи сарзаминҳои Украина чӣ метавонад рух диҳад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Украина метавонад як қисми муҳими ҳудудиро аз даст диҳад, изҳор дошт сарвазири Маҷористон Виктор Орбан. Дар ин бора рӯзномаи "Nepszava" хабар медиҳад.
"Даргириҳо дар Украина метавонанд, то соли 2030 идома ёбад ва Киев метавонад дар натиҷа сеяк ё нисфи қаламравашро аз даст диҳад", - гуфт ӯ.
Вай инчунин Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки амалиёти низомӣ ба миқёси феълияш расид.
"Даргириҳо дар Украина маҳаллӣ мебуданд, аммо Ғарб дахолат кард ва онро ҷаҳонӣ кард", - nизщор дошт дошт сарвазир.
Орбан дар бораи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Федератсияи Русия сухан ронда, қайд кард, ки онҳо мисли тир ба пои худ парондананд.
"Аз сабаби бӯҳрони энержӣ, ки дар натиҷаи таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, кори то 40% саноати Аврупо метавонад дар фасли зимистон мутаваққиф шавад", - ҳушдор дод ӯ.
Вай таъкид кард, ки мухолифи тамдиди маҳдудиятҳо алайҳи Русия мебошад.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.