Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳушдори Володин ба Вашингтон аз оқибати мусаллаҳсозии Киев

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонк Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия аз оқибатҳои мусаллаҳсозии низоми Киев ба Вашингтон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки ин аъмол беҷазо нахоҳанд монд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вашингтон иштибоҳ мекунад, агар бар ин бовар аст, ки амалҳояш дар Украина беҷазо мемонанд, ҳушдор дод Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дар "Telegram".
"Агар Вашингтон ҷангро то охирин украинӣ идома дода, фикр кунад, ки ба ӯ дахл нахоҳад дошт, сахт иштибоҳ мекунад", - навиштааст сиёсатмадор.
Ин нуктаро роҳбари парлумон дар вокуниш ба изҳороти Кохи Сафед, ки амалкарди Русия дар Украинаро маҳкум кардааст, баён доштаст. Ӯ суол гузошт, ки Вошингтон чӣ кор мекунад, то аз тирборони украинӣ ба мардуми осоишта дар Донбасс ва зарбаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи атомии Запороже ҷилавгирӣ кунад.
"Танҳо ба мусаллаҳсозии низоми миллатгарои Киев идома дода, онро сӯи ҷиноёти нав телеа дода истодааст", - изҳор дошт Володин.
Раиси Думаи давлатӣ таъкид кард, ки тамоми ҳадафҳои амалиёти вижаи Русия амалӣ хоҳанд шуд.
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия талафоти Украина тайи рӯзҳои охирро эълон кард
Сиёсатмадор хулоса кард, нирӯҳои муттаҳида аслиҳаи ғарбии ба Киев интиқолёфтаро несту нобуд мекунанд ва ғайринизомисозии Украинаро ба анҷом мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрел Русия ба далели интиқоли силоҳ ба Киев ба кишварҳои НАТО нота фиристод. Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ҳама гуна боре, ки дорои кумакҳои низомӣ ба Украина аст, ҳадафи қонунии нерӯҳои ФР хоҳад шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0