https://sputnik.tj/20220918/marz-tojikiston-qirghiziston-1051492300.html
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт? Суҳбати сокинони наздимарзӣ
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт? Суҳбати сокинони наздимарзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Шаб тирпарронӣ шунида нашуд, интизор меравад, ки давоми рӯз даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шаванд
2022-09-18T10:26+0500
2022-09-18T10:26+0500
2022-09-18T10:26+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
лахш
қирғизистон
марз
ором
исфара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар минтақаҳои наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки тайи вақтҳои охир шоҳиди даргириҳои шадид буданд, шаб ором гузашт. Мусоҳибони Sputnik Тоҷикистон аз деҳу ҷамоатҳои назди сарҳад бо Қирғизистон изҳор доштанд, шаб ҳеч садои тиру гулӯларо нашуниданд ва изҳори умед карданд, ки вазъ ба эътидол омадаасту мардум пайи кори худ мешаванд. Мақомоти Қирғизистон низ изҳор доштаанд, ки шаб дар навоҳии наздимарзӣ ором гузашт, аммо вазъро дар маҷмуъ мураккаб арзёбӣ намудаанд. Интизор меравад, ки намояндагони ҷонибҳо боз мулоқоту музокироти навбатиро баргузор намоянд.Қаблан низ чандин даври музокирот баргузору аз оташбас хабар дода мешуд, аммо баъдан он нақз мегардид. Аз ҷумла ба иттилои мақомоти тоҷик, шоми 17 сентябр қисмати марзии ноҳияи Лахши Тоҷикистон ҳадафи зарба қарор гирифт. КДАМ Тоҷикистон гуфт, давоми рӯз ва инчунин соати 17:20 ва такроран соати 18:10 - рӯзи гузашта, сарҳадбонони Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии "Град "ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш оташ кушоданд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.
https://sputnik.tj/20220917/vaz-murakkab-nizomiyoni-qirghiz-tojikiston-zadand-1051491052.html
лахш
қирғизистон
ором
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, тоҷикистон, қирғизистон,
марз, тоҷикистон, қирғизистон,
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт? Суҳбати сокинони наздимарзӣ
Шаб тирпарронӣ шунида нашуд, интизор меравад, ки давоми рӯз даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шаванд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар минтақаҳои наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки тайи вақтҳои охир шоҳиди даргириҳои шадид буданд, шаб ором гузашт.
Мусоҳибони Sputnik Тоҷикистон аз деҳу ҷамоатҳои назди сарҳад бо Қирғизистон изҳор доштанд, шаб ҳеч садои тиру гулӯларо нашуниданд ва изҳори умед карданд, ки вазъ ба эътидол омадаасту мардум пайи кори худ мешаванд.
Мақомоти Қирғизистон низ изҳор доштаанд, ки шаб дар навоҳии наздимарзӣ ором гузашт, аммо вазъро дар маҷмуъ мураккаб арзёбӣ намудаанд.
Интизор меравад, ки намояндагони ҷонибҳо боз мулоқоту музокироти навбатиро баргузор намоянд.
Қаблан низ чандин даври музокирот баргузору аз оташбас хабар дода мешуд, аммо баъдан он нақз мегардид.
Аз ҷумла ба иттилои мақомоти тоҷик, шоми 17 сентябр қисмати марзии ноҳияи Лахши Тоҷикистон ҳадафи зарба қарор гирифт. КДАМ Тоҷикистон гуфт, давоми рӯз ва инчунин соати 17:20 ва такроран соати 18:10 - рӯзи гузашта, сарҳадбонони Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии "Град "ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш оташ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.