Вазъ мураккаб: низомиёни қирғиз бо силоҳи сангин деҳоти аҳолинишини Тоҷикистонро заданд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкРеактивная система залпового огня (РСЗО) БМ-21 "Град"
Реактивная система залпового огня (РСЗО) БМ-21 Град  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Марзбонони Қирғизистон мавҷи танишҳои марзиро ба манотиқи сарҳадии шарқи Тоҷикистон кӯчонида аз силоҳҳои сангин минтақаҳои аҳолинишинро тирборон мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Хадамоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба нақзи шарту талаботҳои оташбаси эълоншуда муттаҳам кард.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни қирғиз 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Уш ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи ЛахшиТоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд.
Совместное заседание СМИД, СМО и СБ ОДКБ в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
СПАД гуфт, ҷонибдори оташбаси дарозмуддат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст
"Дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд",- афзудааст дафтари матбуоти Хадамоти марзбонӣ.
Ҳамчунин соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд.
"Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд", — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд.
Аммо ба таъкиди КДАМ вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0