Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

СПАД гуфт, ҷонибдори оташбаси дарозмуддат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкСовместное заседание СМИД, СМО и СБ ОДКБ в Астане
Совместное заседание СМИД, СМО и СБ ОДКБ в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Ин созмон муътақид аст, ки дар шароити феълӣ музокираи сиёсиву дипломатӣ беҳтарин роҳи раҳоӣ барои ҷилавгирӣ аз марги бештари инсонҳо хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз даргириҳое, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои сангин рух дод, нигарон аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти котиботи СПАД хабар додааст.
"Котиботи СПАД вазъро бодиққат назорат мекунад ва умедвор аст, ки оташбасе, ки ҳоло барқарор шудааст, дарозмуддат хоҳад буд. Муноқиша бояд танҳо дар сари мизи музокирот ҳал шавад", - омадааст дар хабар.
Ин созмон аз созиши оташбас ва музокирот миёни хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардааст.
СПАД ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки ҷонибҳо метавонанд роҳҳои ҳалли мушкили марзиро пайдо кунанд ва истифодаи нерӯро ғайри қобили қабул хондааст.
Илова бар ин, созмон ба хонавода ва наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва Хистеварзу Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Лентаи хабарҳо
0