https://sputnik.tj/20220917/vaz-marz-tojikiston-qirghiziston-etidol-1051488733.html
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ду рӯзи ваҳшатноки ҷангу садои тӯпу тир, дар пайи музокироти ҳайатҳо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд
2022-09-17T18:10+0500
2022-09-17T18:10+0500
2022-09-17T18:10+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Музокирот миёни намояндагони ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканди Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад, вазъ ба эътидол меояд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи шанбе комиссияи муштараки ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ба кори худ идома дод.Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт ки низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд.Нерӯҳои низомии Қирғизистон ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Мақомоти тоҷик ҳамзамон ҳамалоти паҳбодии Қирғизистонро ба маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон қайд карданд, ки дар пай қурбонӣ дошт.
https://sputnik.tj/20220917/nizomiyon-qirghiz-otashbas-qalamrav-tojikistonro-tirboron-1051484991.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ марзтоҷикистон қирғизистон
вазъ марзтоҷикистон қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд
Пас аз ду рӯзи ваҳшатноки ҷангу садои тӯпу тир, дар пайи музокироти ҳайатҳо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол меояд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Музокирот миёни намояндагони ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканди Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад, вазъ ба эътидол меояд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
"Пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон вазъ дар марз тадриҷан ба эътидол омада, сокинон ба зиндагии рӯзмарра бармегарданд", - омадааст дар гузориш.
Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи шанбе комиссияи муштараки ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ба кори худ идома дод.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт ки низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд.
Нерӯҳои низомии Қирғизистон ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара ва Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти тоҷик ҳамзамон ҳамалоти паҳбодии Қирғизистонро ба маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон қайд карданд, ки дар пай қурбонӣ дошт.