https://sputnik.tj/20220917/nizomiyon-qirghiz-otashbas-qalamrav-tojikistonro-tirboron-1051484991.html
Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд
Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Низои марзӣ ба сарҳадоти шарқии Тоҷикистон расид. Низомиёни қирғиз дидбонгоҳи марзии“Сарҳадчӣ”-и Отряди сарҳадии “Лахш”-и КДАЧ-ро тирборон кардаанд
2022-09-17T13:14+0500
2022-09-17T13:14+0500
2022-09-17T13:15+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
сиёсат
кдам ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/99/1023729988_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_3775d2db506b69620cf9fc8513ae2fb2.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон новобаста аз мувофиқаҳои бадастовада, ҷониби Тоҷикистонро тирборон мекунанд.Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, соати 07:30-дақиқаи 17-уми сентябр, вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда, вохӯрии фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд.Вале ба гуфти мақомомт, новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-дақиқаи имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, кор гирифтааст.Гуфта мешавад, ӯ худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе”-и Отряди сарҳадии “Исфара” ва маҳаллаи “Сомониён”-и шаҳри Исфараи ҶТ бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.Илова бар ин, соати 11:50-дақиқаи ҳамин рӯз қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ”-и Отряди сарҳадии “Лахш”-и ҚС КДАМ ҶТ оташ кушоданд.Маврид ба зикр аст, ки паҳнои таниш ба дасти низомиёни қирғиз ҳамакнун ба манотии марзии Тоҷикистон дар водии Рашт, ноҳияи Лахш кашонида шуд.
https://sputnik.tj/20220917/vazorat-dokhili-tojikiston-otashbas-muttaham-1051483764.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/99/1023729988_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_39eaba5334e3defad7469ff0aaedc4bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муноқиша марз тоҷикистон қирғизистон
муноқиша марз тоҷикистон қирғизистон
Низомиёни қирғиз новобаста аз оташбас қаламрави Тоҷикистонро дубора тирборон карданд
13:14 17.09.2022 (Навсозишуда: 13:15 17.09.2022) Низои марзӣ ба сарҳадоти шарқии Тоҷикистон расид. Низомиёни қирғиз дидбонгоҳи марзии“Сарҳадчӣ”-и Отряди сарҳадии “Лахш”-и КДАЧ-ро тирборон кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон новобаста аз мувофиқаҳои бадастовада, ҷониби Тоҷикистонро тирборон мекунанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, соати 07:30-дақиқаи 17-уми сентябр, вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда, вохӯрии фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд.
Вале ба гуфти мақомомт, новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-дақиқаи имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, кор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ӯ худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе”-и Отряди сарҳадии “Исфара” ва маҳаллаи “Сомониён”-и шаҳри Исфараи ҶТ бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.
"Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд",- афзудааст манбаъ.
Илова бар ин, соати 11:50-дақиқаи ҳамин рӯз қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ”-и Отряди сарҳадии “Лахш”-и ҚС КДАМ ҶТ оташ кушоданд.
Маврид ба зикр аст, ки паҳнои таниш ба дасти низомиёни қирғиз ҳамакнун ба манотии марзии Тоҷикистон дар водии Рашт, ноҳияи Лахш кашонида шуд.