Се самти муҳими содиротии Тоҷикистон гуфта шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Агар ин молҳои тиҷоратӣ аз содироти ҷумҳурӣ бароварда шаванд, онгоҳ вай аз номгуи молҳои боқимонда ҳамагӣ 5 фоизи даромад мегирад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар маҷмӯъ, се категорияи содироти Тоҷикистон 95% ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар ин бора хадамоти гумруки кишвар хабар медиҳад.
Сухан дар бораи маснуоти маъданй, металлҳои қиматбаҳо ва ғайриқиматбаҳо, инчунин масолеҳи бофандагӣ меравад.
Дар мавриди канданиҳои фоиданок, содироти онҳо дар давраи аз январ то июл нисбат ба соли 2021 35,8% афзоиш ёфтааст. Хазинаи ҷумҳурӣ аз фурӯш он беш аз 486,2 миллион доллар фоида дидааст.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Афзоиши тавлиду содироти ангишт дар Тоҷикистон
Ба ин маҳсулоти нафтӣ, қувваи барқ, семент, маъдан, консентрат ва ғайра дохил мешаванд.
Дар баробари ин, содироти металлҳои қиматбаҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, дар ҳамин ҳафт моҳ он каме бештар аз 415,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 41,4% камтар аст.
Қаблан маълум шуд, ки беш аз 33 дарсади содироти саноатии Тоҷикистонро сангу филизоти қиматбаҳо ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 ҷумҳурӣ тавонист аз ин моли тиҷоратӣ 1,7 миллиард доллар даромад гирад.
Лентаи хабарҳо
0