https://sputnik.tj/20220917/poytakht-qazoqiston-ostona-1051489730.html
Пойтахти Қазоқистон боз ба Остона табдил ёфт
Пойтахти Қазоқистон боз ба Остона табдил ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Баъди ҳамагӣ се сол пойтахти Қазоқистон ба номи соли 1998-и худ баргашт: санади дахлдорро роҳбари ин кишвар, ки аз ташаббускорони иқдоми аввалӣ буд, имзо кард
2022-09-17T19:40+0500
2022-09-17T19:40+0500
2022-09-17T19:40+0500
қазоқистон
остона
табдили ном
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051065449_0:430:2877:2048_1920x0_80_0_0_d1e779f92f673b6968dac8e649b8ee0c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон"-ро имзо кард. Қобили таваҷҷуҳ дар он аст, ки ислоҳот дар бораи баргардонидани номи пойтахт аз Нур-Султон ба Остона аст. Дар банди дигари қонун тағйироти конститутсия пешбинӣ шудааст, ки тибқи он раисиҷумҳури Қазоқистон метавонад танҳо ба як мӯҳлати ҳафтсола интихоб шавад, на ба ду панҷсола, чунон ки қаблан буд. Ҳамчунин бар асоси ин қонун президет барои табдили ин ваколат ҳақ надорад.Маврид ба зикр аст, ки номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нурсултон табдил шуд.Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нурсултон иваз карда шавад.Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.Сарфи назар аз миқёси тағйирот, мақомоти Қазоқистон шаҳрвандонро ором карданд: ин дафъа иваз кардани ном ба сокинони пойтахт ҳеҷ қимате нахоҳад дошт, тамоми хароҷоти зарурӣ аз буҷаи шаҳр гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20220901/toqaev-intikhobot-zudhangom-prezidenti-qazoqiston-1051091739.html
қазоқистон
остона
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051065449_70:0:2801:2048_1920x0_80_0_0_9fdd6d7697278f72574a6900654cdbd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пойтахт қазоқистон остона табдил
пойтахт қазоқистон остона табдил
Пойтахти Қазоқистон боз ба Остона табдил ёфт
Баъди ҳамагӣ се сол пойтахти Қазоқистон ба номи соли 1998-и худ баргашт: санади дахлдорро роҳбари ин кишвар, ки аз ташаббускорони иқдоми аввалӣ буд, имзо кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон"-ро имзо кард.
Қобили таваҷҷуҳ дар он аст, ки ислоҳот дар бораи баргардонидани номи пойтахт аз Нур-Султон ба Остона аст.
Дар банди дигари қонун тағйироти конститутсия пешбинӣ шудааст, ки тибқи он раисиҷумҳури Қазоқистон метавонад танҳо ба як мӯҳлати ҳафтсола интихоб шавад, на ба ду панҷсола, чунон ки қаблан буд.
Ҳамчунин бар асоси ин қонун президет барои табдили ин ваколат ҳақ надорад.
Маврид ба зикр аст, ки номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нурсултон табдил шуд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нурсултон иваз карда шавад.
Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.
Сарфи назар аз миқёси тағйирот, мақомоти Қазоқистон шаҳрвандонро ором карданд: ин дафъа иваз кардани ном ба сокинони пойтахт ҳеҷ қимате нахоҳад дошт, тамоми хароҷоти зарурӣ аз буҷаи шаҳр гирифта мешавад.