https://sputnik.tj/20220917/kabulov-khafv-vahshatnok-jabha-tolibho-1051482028.html
Кобулов гуфт, хафви ваҳшатноктар аз Ҷабҳаи муқовимат барои толибҳо чист
Кобулов гуфт, хафви ваҳшатноктар аз Ҷабҳаи муқовимат барои толибҳо чист
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Ҷабҳаи муқовимат хатари ҷиддӣ барои толибон эҷод нахоҳад кард
2022-09-17T09:35+0500
2022-09-17T09:35+0500
2022-09-17T09:35+0500
афғонистон
сиёсат
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
толибон
замир кабулов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир болотар аз нерӯҳои зиддитолибонӣ аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимат барои ҳукумати феълии Афғонистон хатар дорад.Дар ин бора Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, дар сӯҳбати вижа бо Sputnik Афғонистон изҳор дошт.Ӯ дар бораи ҳайати размии ҷабҳа, ки ахиран гуфта мешуд чаҳор ҳазор сарбоз дорад, гуфт, ки ба ин бовар надорад."Аз миқёси ҳузури чор ҳазор нафар чизе намоён нест, сухан дар бораи даҳҳо ва садҳо нафар меравад",- гуф ӯ.Мавсуф ҳамзамон аз фаъолшавии гуруҳҳои алоҳида дар Шимоли Афғонистон, Тахор ва дигар нуқот гуфт, ки ҳоло парокандаанд.Ба гуфти дипломат фаъолият низ аз тобистони гарми Афғонистон буд, аммо сардии зимистон фаро мерасад, вақте ки маъмулан мизони ҳамагуна амалиёти ҷангӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Зимистон меояд ва мо мебинем, ки дар асл чӣ ҳаст.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ягона сангар зидди низоми толибонӣ пас аз суқути ҳукумати пешини ин кишвар дар таърихи 15 август дар Панҷшер аз ҳастии худ дарак дод.Хамакнун беш аз як сол аст, ки нерӯҳои он бо ҷангиёни толибон дар дарраҳо ва қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш дар набарданд.
https://sputnik.tj/20220916/masud-muboriza-tolibon-azmu-iroda-jidditar-1051455443.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кабулов хафв ваҳшатнок ҷабҳаи муқовимат толибҳо
кабулов хафв ваҳшатнок ҷабҳаи муқовимат толибҳо
Кобулов гуфт, хафви ваҳшатноктар аз Ҷабҳаи муқовимат барои толибҳо чист
Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Ҷабҳаи муқовимат хатари ҷиддӣ барои толибон эҷод нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир болотар аз нерӯҳои зиддитолибонӣ аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимат барои ҳукумати феълии Афғонистон хатар дорад.
Дар ин бора Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, дар сӯҳбати вижа бо Sputnik Афғонистон изҳор дошт.
"Муқовимати мусаллаҳона ҳоло хатари бузурге ба бор намеорад. Хавфи хеле бузургтар барои мақомоти Афғонистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст. Ин метавонад афғонҳоро ба эътироз дар шаклҳои гуногун барангезад, ки хеле ҷиддитар аз ҳамалоти ҷирикӣ аст", - афзуд Кобулов.
Ӯ дар бораи ҳайати размии ҷабҳа, ки ахиран гуфта мешуд чаҳор ҳазор сарбоз дорад, гуфт, ки ба ин бовар надорад.
"Аз миқёси ҳузури чор ҳазор нафар чизе намоён нест, сухан дар бораи даҳҳо ва садҳо нафар меравад",- гуф ӯ.
Мавсуф ҳамзамон аз фаъолшавии гуруҳҳои алоҳида дар Шимоли Афғонистон, Тахор ва дигар нуқот гуфт, ки ҳоло парокандаанд.
Ба гуфти дипломат фаъолият низ аз тобистони гарми Афғонистон буд, аммо сардии зимистон фаро мерасад, вақте ки маъмулан мизони ҳамагуна амалиёти ҷангӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Зимистон меояд ва мо мебинем, ки дар асл чӣ ҳаст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ягона сангар зидди низоми толибонӣ пас аз суқути ҳукумати пешини ин кишвар дар таърихи 15 август дар Панҷшер аз ҳастии худ дарак дод.
Хамакнун беш аз як сол аст, ки нерӯҳои он бо ҷангиёни толибон дар дарраҳо ва қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш дар набарданд.