Масъуд: Мубориза алайҳи толибон бо азму иродаи ҷиддитар идома хоҳад дошт

© Foto / Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вокуниш ба кушташудани шуморе аз фармондеҳон ва аъзои ин ҷабҳа дар Панҷшер гуфт, ки мубориза алайҳи толибон идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ баъд аз муборизаи тоқатфарсо дар як ҷанги нобаробар тавассути толибон кушта шуданд, гуфтааст Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон дар як пайёмаш.

“Ин рӯйдод азм ва иродаи моро маҳкамтар ва бовару роҳи моро низ рушантар месозад”, - гуфт ӯ.

Аҳмад Масъуд, афзуд ки неруҳои Ҷабҳаи муқовимат дар "ҷанги нобаробар" дар баробари "зулм" ва "мутаҷовиз" мубриза мекунанд ва ин муқовимат дар баробари толибон дар ҳол густаришаст.
Қобил зикр аст ки сухангӯӣ толибон иддао кардааст ки 40 узв Ҷабҳаи муқовиматро дар Панҷшер кушта ва беш аз 100 узви дигари ин ҷабҳаро боздошт кардаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон перед началом заседания в узком составе глав государств Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) в Самарканде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Нигаронии Раҳмон аз террористҳо дар Афғонистон ва таъкидаш ба зарурати ҳукумати фарогир
Ҷабҳаи муқовимат низ муддаӣ шудааст ки беш аз 70 ҷангҷӯии толибон дар ҷангҳои ахир дар Панҷшер кушта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0