https://sputnik.tj/20220917/jalasa-guruh-kori-tojikiston-qirghiziston-otashbas-1051484354.html
Ҷаласаи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ва таъкид бар оташбас
Ҷаласаи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ва таъкид бар оташбас
Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳоло нисбатан муътадил арзёбӣ шуда, ҷонибҳо ҳамдигарро ба риояи оташбас таъкид доранд
2022-09-17T12:19+0500
2022-09-17T12:19+0500
2022-09-17T12:20+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047599781_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_b81d0fccc44a24e0c1d6a10c42b2d60e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои баррсаии баҳси марзӣ ба кори худ идома медиҳад Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, субҳи рӯзи 17-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" комиссияи муштарак оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба кори худ идома дод. Гуруҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва аз ҷониби Қирғизистон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва дар ҳайати роҳбарони мақомоти қудратӣ ширкат доштаанд. Ҷонибҳо дар ин ҷаласа барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид карданд. "Дар рафти мулоқот фаъолияти муназзами комиссияи муштарак барои назорати риояи оташбас дар минтақаи марзӣ муҳим арзёбӣ гардида, вазъ таҳти назорати ҷонибҳо қарор дорад",- афзудааст манбаъ. Таъкид шудааст, ки вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад.Аммо Хадамоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороти субҳгоҳияш гуфт, ки ҷониби Қирғизистон ба марз нерӯи бештар интиқол медиҳад ва ба иғвои навбатӣ омода мешавад.
https://sputnik.tj/20220917/vazorat-dokhili-tojikiston-otashbas-muttaham-1051483764.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047599781_113:0:1073:720_1920x0_80_0_0_9421411234ff43c48fea0ed04b6f30a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаласа гуруҳҳо тоҷикистон қирғизистон оташбас
ҷаласа гуруҳҳо тоҷикистон қирғизистон оташбас
Ҷаласаи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ва таъкид бар оташбас
12:19 17.09.2022 (Навсозишуда: 12:20 17.09.2022) Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳоло нисбатан муътадил арзёбӣ шуда, ҷонибҳо ҳамдигарро ба риояи оташбас таъкид доранд
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои баррсаии баҳси марзӣ ба кори худ идома медиҳад
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, субҳи рӯзи 17-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" комиссияи муштарак оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба кори худ идома дод.
Гуруҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва аз ҷониби Қирғизистон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва дар ҳайати роҳбарони мақомоти қудратӣ ширкат доштаанд.
Ҷонибҳо дар ин ҷаласа барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид карданд.
"Дар рафти мулоқот фаъолияти муназзами комиссияи муштарак барои назорати риояи оташбас дар минтақаи марзӣ муҳим арзёбӣ гардида, вазъ таҳти назорати ҷонибҳо қарор дорад",- афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад.
Аммо Хадамоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороти субҳгоҳияш гуфт, ки ҷониби Қирғизистон ба марз нерӯи бештар интиқол медиҳад ва ба иғвои навбатӣ омода мешавад.