https://sputnik.tj/20220917/gardish-kolo-tojikistonu-qirghiziston-kohish-1051488156.html
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду баробар коҳиш ёфт
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду баробар коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Даргирии соли гузашта дар марзи муштарак Бишкекро маҷбур кард, ки марзҳояшро баст, ки бешак ба тиҷорати мутақобила таъсири манфӣ расонд
2022-09-17T16:30+0500
2022-09-17T16:30+0500
2022-09-17T16:30+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
иқтисод
гардиши коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102808/13/1028081362_0:484:2779:2047_1920x0_80_0_0_ad1f5c0caf6d8d98fb964570b196e4c9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар 8 моҳи соли 2022 гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-август мизони табодули мутақобила ба 10 миллион доллар расидааст, ки дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 45% камтар будааст. Дар ҳамин ҳол, бахши аъзами гардиши мол миёни ҳамсояҳо - 94% -ро воридоти маҳсулот аз Қирғизистон ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2021 Бикшкек марзҳояшро якҷониба баста буд. Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муомилоти мол миёни ин кишварҳо тавассути қаламрави кишварҳои сеюм, умдатан тавассути Ӯзбекистон сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки Душанбе бештар аз ҳамсояаш ангишт мехарад.
https://sputnik.tj/20220917/samt-muhim-sodirot-tojikiston-1051482535.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102808/13/1028081362_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_2a958cfce58abb8d7e61fe97a694155f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гардиш коло тоҷикистон қирғизистон
гардиш коло тоҷикистон қирғизистон
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду баробар коҳиш ёфт
Даргирии соли гузашта дар марзи муштарак Бишкекро маҷбур кард, ки марзҳояшро баст, ки бешак ба тиҷорати мутақобила таъсири манфӣ расонд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар 8 моҳи соли 2022 гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.
Бино ба иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-август мизони табодули мутақобила ба 10 миллион доллар расидааст, ки дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 45% камтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, бахши аъзами гардиши мол миёни ҳамсояҳо - 94% -ро воридоти маҳсулот аз Қирғизистон ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2021 Бикшкек марзҳояшро якҷониба баста буд.
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муомилоти мол миёни ин кишварҳо тавассути қаламрави кишварҳои сеюм, умдатан тавассути Ӯзбекистон сурат мегирад.
Бояд қайд кард, ки Душанбе бештар аз ҳамсояаш ангишт мехарад.