Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тавофуқи Раҳмон ва Ҷабборов барои таҳқиқи сабабҳои таниши марзӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Садыр Жапаров
Эмомали Рахмон и Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз мулоқот эълон карданд, ки барои таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона дар марз комиссияи махсус таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Садир Ҷабборов, президенти Қирғизистон мулоқот карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, сарони кишварҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Руасои ҷумҳури ду кишвар дар бораи таъсиси комиссияи таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд.
“Ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ барои масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Сарони Тоҷикистону Қирғизистон изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.
переговоры Ташиева и Ятиова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад.
Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст.
Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0