https://sputnik.tj/20220916/sozish-yatimov-toshiev-otashbas-1051455751.html
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии ҳудуди 10-соатӣ дар марз барои оташбаси навбатӣ ба тавофуқ расидаанд 16.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-16T15:15+0500
2022-09-16T15:15+0500
2022-09-16T16:30+0500
дар тоҷикистон
ҷавони қирғиз
қамчибек тошиев
саймумин ятимов
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051455959_59:0:859:450_1920x0_80_0_0_a08190dc396e38395398d621423b9f97.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соати 14:30-и 16 сентябр бо вақти Душанбе оташбас эълон карда шудааст. Дар ин бора Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев ба тавофуқ расидаанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд дар таъйиди эълони оташбас иттилоъ дод, ки гуфтушуниди ҷонибҳо таҳти раёсати Тошиева ва Ятимов дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ҷонибҳо аз оташбаст хабар дода буданд, аммо дар амал даргирӣ идома пайдо кард. Даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи барвақти 16 сентябр сар зада, Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар оғози он ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.КДАМ Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар ҳадафмандона мураккаб кардани вазъ дар сарҳад муттаҳам карда, таъкид намуд, ки Бишкек моҷароҷӯӣ дораду аз музокира дар мепечад. "Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд", - афзуд КДАМ.Инчунин таъкид шуд, ки ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад, илова намуд ин ниҳод.
https://sputnik.tj/20220916/dakholati-saad-dargiri-marzi-tojikiston-qirghiziston-1051448091.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051455959_159:0:759:450_1920x0_80_0_0_00409ff34a83edd020f9441a394edc0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҷавони қирғиз, қамчибек тошиев, саймумин ятимов, музокирот
дар тоҷикистон, ҷавони қирғиз, қамчибек тошиев, саймумин ятимов, музокирот
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
15:15 16.09.2022 (Навсозишуда: 16:30 16.09.2022) Роҳбарони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии ҳудуди 10-соатӣ дар марз барои оташбаси навбатӣ ба тавофуқ расидаанд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соати 14:30-и 16 сентябр бо вақти Душанбе оташбас эълон карда шудааст.
Дар ин бора Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев ба тавофуқ расидаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд дар таъйиди эълони оташбас иттилоъ дод, ки гуфтушуниди ҷонибҳо таҳти раёсати Тошиева ва Ятимов дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифт.
"Дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ширкат варзиданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ҷонибҳо аз оташбаст хабар дода буданд, аммо дар амал даргирӣ идома пайдо кард.
Даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи барвақти 16 сентябр сар зада, Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар оғози он ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
КДАМ Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар ҳадафмандона мураккаб кардани вазъ дар сарҳад муттаҳам карда, таъкид намуд, ки Бишкек моҷароҷӯӣ дораду аз музокира дар мепечад.
"Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд", - афзуд КДАМ.
Инчунин таъкид шуд, ки ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.
Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад, илова намуд ин ниҳод.