https://sputnik.tj/20220916/dakholati-saad-dargiri-marzi-tojikiston-qirghiziston-1051448091.html
Дахолати СААД ба даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Дахолати СААД ба даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо дабирони амнияти Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи шиддати вазъ дар марзро баррасӣ кардааст
2022-09-16T12:13+0500
2022-09-16T12:13+0500
2022-09-16T12:13+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
даргирӣ
марз
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306331_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_5777a8d773da536c9b734922fbbf5680.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват намудааст, ки даргириро хотима бахшанду мушкилотро аз роҳи мусолиҳа ҳал кунанд. Ин нукта дар суҳбати телефонии Станислав Зас, дабири кулли СААД зимни суҳбати телефонӣ бо дабирони амнияти Тоҷикистону Қирғизистон, Насрулло Маҳмудзод ва Марат Имонқулов таъкид шудааст. "Ҷонибҳо зарурати қатъи фаврии тирпаррониро таъкид намуда, музокирот миёни ниҳодҳои масъули Тоҷикистону Қирғизистонро муҳим хондаанд", - омадааст дар иттилоия.Бо вуҷуди ин даргирӣ аз субҳи барвақт то ба ҳолати 11:00 идома дошта, Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин задухӯрдҳо ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.Мақомоти тоҷик мегӯянд, ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд. Таъкид шудаст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20220916/ovoza-rishdor-vaznin-intiqod-tojikiston-qirghiziston-1051447278.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306331_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_96b26e56c4eb16d5945d84df90f1f73f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, хостор, оташбас, қирғизистон, тоҷикистон
саад, хостор, оташбас, қирғизистон, тоҷикистон
Дахолати СААД ба даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо дабирони амнияти Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи шиддати вазъ дар марзро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват намудааст, ки даргириро хотима бахшанду мушкилотро аз роҳи мусолиҳа ҳал кунанд.
Ин нукта дар суҳбати телефонии Станислав Зас, дабири кулли СААД зимни суҳбати телефонӣ бо дабирони амнияти Тоҷикистону Қирғизистон, Насрулло Маҳмудзод ва Марат Имонқулов таъкид шудааст.
"Ҷонибҳо зарурати қатъи фаврии тирпаррониро таъкид намуда, музокирот миёни ниҳодҳои масъули Тоҷикистону Қирғизистонро муҳим хондаанд", - омадааст дар иттилоия.
Бо вуҷуди ин даргирӣ аз субҳи барвақт то ба ҳолати 11:00 идома дошта, Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин задухӯрдҳо ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд.
Таъкид шудаст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.