https://sputnik.tj/20220916/shiddat-munoqisha-marzi-tojikiston-qirghiziston-tirparroni-1051469325.html
Шиддати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: дар манотиқ тирпарронӣ сурат гирифт
Шиддати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: дар манотиқ тирпарронӣ сурат гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шиддат гирифт: 7 деҳаи тоҷикон зери оташ қарор гирифт, миёни сокинони маҳаллӣ кушта зихмӣ ҳаст
2022-09-16T19:20+0500
2022-09-16T19:20+0500
2022-09-16T19:20+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
тасвирбаён
қирғизистон
марз
низоъ
тирпарронӣ
кушта
захмӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450689_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_cf3c24025c6b4273f8b077e702eabddf.png
Субҳи 16 сентябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз нақзи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз ҷониби Қирғизистон хабар дод.Сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯктош”-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон ба дидбонгоҳи “Душанбе”-и отряди сарҳадии “Исфара” ҳамла карданд, инчунин нерӯҳои қирғиз деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кӯлканди шаҳри В. Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тирборон карданд.Раҳмону Ҷабборов вазъи марзро баррасӣ карданд: Чӣ созиш ҳосил шуд?Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Раисони КДАМ-и ду кишвар тавонистанд дар мавриди оташбас ба мувофиқа бирасанд. Баъдан дар музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи таҳқиқи ҳодисаи мазкур ишора шуд.Ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар дар макони авҷ гирифтани низоъ ба кор шурӯъ кунанд, то сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ кунанд.Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - аксИлова бар ин, Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ тасмим гирифтанд.Дар ҳоли ҳозир вазъ дар қитъаҳои марзие, ки тирпарронӣ сурат гирифтааст, таҳти назорати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450689_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_1de218dfbec0afe35477444d4d22a6f0.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, таниш, марз, низоъ, тирпарронӣ, тоҷикон
тоҷикистон, қирғизистон, таниш, марз, низоъ, тирпарронӣ, тоҷикон
Шиддати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: дар манотиқ тирпарронӣ сурат гирифт
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шиддат гирифт: 7 деҳаи тоҷикон зери оташ қарор гирифт, миёни сокинони маҳаллӣ кушта зихмӣ ҳаст
Субҳи 16 сентябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз нақзи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз ҷониби Қирғизистон хабар дод.
Сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯктош”-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон ба дидбонгоҳи “Душанбе”-и отряди сарҳадии “Исфара” ҳамла карданд, инчунин нерӯҳои қирғиз деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кӯлканди шаҳри В. Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тирборон карданд.
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Раисони КДАМ-и ду кишвар тавонистанд дар мавриди оташбас ба мувофиқа бирасанд. Баъдан дар музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи таҳқиқи ҳодисаи мазкур ишора шуд.
Ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар дар макони авҷ гирифтани низоъ ба кор шурӯъ кунанд, то сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ кунанд.
Илова бар ин, Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ тасмим гирифтанд.
Дар ҳоли ҳозир вазъ дар қитъаҳои марзие, ки тирпарронӣ сурат гирифтааст, таҳти назорати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад.