Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Шиддати муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: дар манотиқ тирпарронӣ сурат гирифт

Обуна шудан
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шиддат гирифт: 7 деҳаи тоҷикон зери оташ қарор гирифт, миёни сокинони маҳаллӣ кушта зихмӣ ҳаст
Субҳи 16 сентябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз нақзи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз ҷониби Қирғизистон хабар дод.
Сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯктош”-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон ба дидбонгоҳи “Душанбе”-и отряди сарҳадии “Исфара” ҳамла карданд, инчунин нерӯҳои қирғиз деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кӯлканди шаҳри В. Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тирборон карданд.
Раҳмону Ҷабборов вазъи марзро баррасӣ карданд: Чӣ созиш ҳосил шуд?
Дар натиҷаи даргирӣ 7 сокини маҳаллӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Раисони КДАМ-и ду кишвар тавонистанд дар мавриди оташбас ба мувофиқа бирасанд. Баъдан дар музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи таҳқиқи ҳодисаи мазкур ишора шуд.
Ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар дар макони авҷ гирифтани низоъ ба кор шурӯъ кунанд, то сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ кунанд.
Созиши Ятимов ва Тошиев барои оташбас: Гуфтушунид дар марзи Ӯзбекистон гузашт - акс
Илова бар ин, Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ тасмим гирифтанд.
Дар ҳоли ҳозир вазъ дар қитъаҳои марзие, ки тирпарронӣ сурат гирифтааст, таҳти назорати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0