https://sputnik.tj/20220916/rahmon-jabborov-marz-barrasi-1051465792.html
Раҳмону Ҷабборов вазъи марзро баррасӣ карданд: Чӣ созиш ҳосил шуд?
Раҳмону Ҷабборов вазъи марзро баррасӣ карданд: Чӣ созиш ҳосил шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо ҳамтои қирғизаш даргириҳои ахири марзиро баррасӣ кардаст
2022-09-16T17:00+0500
2022-09-16T17:00+0500
2022-09-16T17:28+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
даргирӣ
эмомалӣ раҳмон
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152778_0:168:2835:1763_1920x0_80_0_0_669e49f9721eae96e9db02c42da4cba7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои иловагиро аз марз бозпас хоҳанд гардонд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов ба тавофуқ расидаанд. Зимни мулоқоти президентҳо, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд баргузор гардид, таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар макони ҳодиса корбарӣ хоҳанд кард. Инчунин Комиссияи муштарак барои таҳқиқи даргириҳои ахири марзӣ ташкил карда мешавад. Дар зимн таъкид намудааст, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз суръат бахшида шавад. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад. Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст. Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.
https://sputnik.tj/20220916/sozish-yatimov-toshiev-otashbas-1051455751.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152778_130:0:2705:1931_1920x0_80_0_0_ff2d0bc23837c5320d6b035ed209d12a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, тоҷикистон, ҷабборов
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, тоҷикистон, ҷабборов
Раҳмону Ҷабборов вазъи марзро баррасӣ карданд: Чӣ созиш ҳосил шуд?
17:00 16.09.2022 (Навсозишуда: 17:28 16.09.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо ҳамтои қирғизаш даргириҳои ахири марзиро баррасӣ кардаст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои иловагиро аз марз бозпас хоҳанд гардонд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов ба тавофуқ расидаанд.
Зимни мулоқоти президентҳо, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд баргузор гардид, таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар макони ҳодиса корбарӣ хоҳанд кард.
Инчунин Комиссияи муштарак барои таҳқиқи даргириҳои ахири марзӣ ташкил карда мешавад.
Дар зимн таъкид намудааст, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз суръат бахшида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад.
Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст.
Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.