Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқиша идома дорад: Тоҷикистон гуфт, 2 бор яктарафа оташбас эълон кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПатроны калибра 7,62 для автомата Калашниковам
Патроны калибра 7,62 для автомата Калашниковам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
Талоши Тоҷикистон барои эътидоли вазъ, ба далели нодида гирифтани пешниҳоди музокирот аз тарафи низомиёни қирғиз, натиҷа надода истодаанд, гуфтанд мақомоти ҶТ
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар тамоми самтҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, хабар дод КДАМ Тоҷикистон ба ҳолати 10:00-дақиқаи 16 сентябр.
Ба иттилои ин ниҳод, қувваҳои низомии Қирғизистон аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишон деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.
"Аз тарафи мақомоти Тоҷикистон 2 бор, соатҳои 06:30 ва 07:30, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд.
Манбаъ афзуд, ки айни замон, талошҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд.
 Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии марзиро баррасӣ кардаанд
Маврид ба зикр аст, ки ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро муттаҳам мекунад, ки оташбасро риоя намекунад.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, даргирӣ аз он оғоз шуд, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Ботканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд. Баъдан даргирӣ ба нуқоти дигари марзӣ гузашт.
Мақомоти тоҷик дар мавриди талафот ҳанӯз изҳори назар накардаанд, аммо манобеъ аз навоҳии наздисарҳадӣ аз куштаю маҷруҳон ҳам миёни сокинони мулкию ҳам марзбонон хабар медиҳанд. Ҷониби Қирғизистон то ҳол осеби 11 низомияшро таъйид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0