https://sputnik.tj/20220916/vaziron-khoriji-tojikiston-qirghiziston-dargiri-marzi-1051446045.html
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии марзиро баррасӣ кардаанд
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии марзиро баррасӣ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш зарурати ҳалли мушкилот бо роҳҳои сиёсию дипломатиро таъкид намудааст
2022-09-16T10:35+0500
2022-09-16T10:35+0500
2022-09-16T11:10+0500
дар тоҷикистон
марз
қирғизистон
сиёсат
вазир
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0e/1048443114_0:298:1200:973_1920x0_80_0_0_a6b34a7aab282e1262adb55fa6dfff15.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев даргирии ахири марзиро баррасӣ кардааст. Ба иттилои манобеъ, вазирони умури хориҷӣ зарурати ҳалли мушкилот бо роҳҳои сиёсӣ - дипломатиро таъкид намудаанд. Инчунин аз суҳбат миёни фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода мешавад, ки барои қатъи тирпарронӣ дар марз созиш кардаанд. Дар зимн таъкид мешавад, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.Манобеъ аз навоҳии сарҳадии Тоҷикистон аз куштаю маҷруҳон ҳам миёни сокинони мулкӣ ва ҳам низомиён хабар медиҳанд. Расман мақомоти тоҷик дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардааст. КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, даргирӣ аз он оғоз шуд, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Ботканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд. Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ дар нуқоти дигари сарҳадӣ низ идома дорад.Манбаъ афзуд, новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам карда, осеби 11 низомияшонро таъйид кардаанд.
https://sputnik.tj/20220916/kushta-majruh-miyoni-mulki-tojikiston-1051445450.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0e/1048443114_14:244:1076:1040_1920x0_80_0_0_c23f266228e127bce9d25a6ad3b2493e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дипломат, тоҷик, қирғиз, вазъ, марз, даргирӣ
дипломат, тоҷик, қирғиз, вазъ, марз, даргирӣ
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии марзиро баррасӣ кардаанд
10:35 16.09.2022 (Навсозишуда: 11:10 16.09.2022) Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш зарурати ҳалли мушкилот бо роҳҳои сиёсию дипломатиро таъкид намудааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев даргирии ахири марзиро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои манобеъ, вазирони умури хориҷӣ зарурати ҳалли мушкилот бо роҳҳои сиёсӣ - дипломатиро таъкид намудаанд.
Инчунин аз суҳбат миёни фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода мешавад, ки барои қатъи тирпарронӣ дар марз созиш кардаанд.
Дар зимн таъкид мешавад, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.
Манобеъ аз навоҳии сарҳадии Тоҷикистон аз куштаю маҷруҳон ҳам миёни сокинони мулкӣ ва ҳам низомиён хабар медиҳанд. Расман мақомоти тоҷик дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардааст.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, даргирӣ аз он оғоз шуд, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии "Коктош"-и отряди сарҳадии Ботканди Қирғизистон соати 04:50-дақиқаи субҳ аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии "Душанбе"-и отряди сарҳадии Исфараро гулӯлаборон карданд. Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ дар нуқоти дигари сарҳадӣ низ идома дорад.
Манбаъ афзуд, новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам карда, осеби 11 низомияшонро таъйид кардаанд.