https://sputnik.tj/20220916/mirziyoev-shsh-faroafghonistoni-1051451906.html
Мирзиёев аз СҲШ хост, роҳи фароафғонистониро пуштибонӣ кунад
Мирзиёев аз СҲШ хост, роҳи фароафғонистониро пуштибонӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз дурнамои тарҳи роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф кард
2022-09-16T13:35+0500
2022-09-16T13:35+0500
2022-09-16T13:42+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
идм
созмони ҳамкории шанхай
мирзиёев
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428015_0:83:1600:983_1920x0_80_0_0_dd1c0db900abaa05c6447e93a2a84faf.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон аз кишварҳои узви СҲШ хост, роҳи оҳани Тирмиз - Пешоварро дастгирӣ кунанд. Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ, ҳамчунин пуштибонӣ аз бунёди роҳи оҳан аз тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон ба Чинро пешниҳод намуд. Маврид ба зикр аст, ки Мирзиёев қаблан низ аз роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки он кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.Тавсифи раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ин тарҳ дар ҳолест, ки Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон қаблан гуфт, гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин тарҳ оғоз хоҳанд кард. Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад. Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220915/rahmon-nakhustvazir-pokiston-shsh-terrorizm-afghoniston-1051439263.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428015_90:0:1510:1065_1920x0_80_0_0_82e1609efbad50b8779fcff20e4d6a9e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев, роҳ, оҳан, фароафғонистонӣ
мирзиёев, роҳ, оҳан, фароафғонистонӣ
Мирзиёев аз СҲШ хост, роҳи фароафғонистониро пуштибонӣ кунад
13:35 16.09.2022 (Навсозишуда: 13:42 16.09.2022) Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз дурнамои тарҳи роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон аз кишварҳои узви СҲШ хост, роҳи оҳани Тирмиз - Пешоварро дастгирӣ кунанд.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ, ҳамчунин пуштибонӣ аз бунёди роҳи оҳан аз тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон ба Чинро пешниҳод намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Мирзиёев қаблан низ аз роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки он кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.
Тавсифи раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ин тарҳ дар ҳолест, ки Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон қаблан гуфт, гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин тарҳ оғоз хоҳанд кард.
Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад. Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.