https://sputnik.tj/20220916/kdam-qirghiziston-quvva-tekhnika-nazdisarhadi-intiqol-1051474016.html
КДАМ: Қирғизистон қувваю техникаҳои низомиро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дод
КДАМ: Қирғизистон қувваю техникаҳои низомиро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дод
Sputnik Тоҷикистон
КДАМ-и Тоҷикистон аз даргириҳои навбатӣ мегӯяд ҷониби Қирғизистон боз аҳдшиканӣ кард ва ба ба минтақаҳои наздисарҳадӣ қуваю техникаҳои низомӣ интиқол додааст
2022-09-16T19:55+0500
2022-09-16T19:55+0500
2022-09-16T20:52+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
кдам
изҳорот
марз
вазъ
ташаннуҷи вазъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/30/1031413052_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e0f397eaf347c71633a6c87213000604.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.Ба иттилои КДАМ тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Қирғизистон ва Содир Ҷабборов, кишвардори Қирғизистон дар ҳошяи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ вазъи марзро баррасӣ карда буданд.Роҳбарони ду кишвар ба тавофуқ расида буданд, ки ҳар ду кишвар нерӯҳои иловагиро аз марз бозпас хоҳанд гардонд.Зимни мулоқоти президентҳо, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд баргузор гардид, таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар макони ҳодиса корбарӣ хоҳанд кард.Инчунин Комиссияи муштарак барои таҳқиқи даргириҳои ахири марзӣ ташкил карда мешавад.Дар зимн таъкид намудааст, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз суръат бахшида шавад.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад.Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст.Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.
https://sputnik.tj/20220916/pas-otashbas-sokinoni-nazdimarzi-sadoi-tir-shunida-1051471093.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/30/1031413052_129:0:1949:1365_1920x0_80_0_0_47c79c639789e01f9b198d29e15a8558.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, техника, низомиён, минтақа, наздимарзӣ, интиқол, техникаи низомӣ
тоҷикистон, қирғизистон, техника, низомиён, минтақа, наздимарзӣ, интиқол, техникаи низомӣ
КДАМ: Қирғизистон қувваю техникаҳои низомиро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дод
19:55 16.09.2022 (Навсозишуда: 20:52 16.09.2022) КДАМ-и Тоҷикистон аз даргириҳои навбатӣ мегӯяд ҷониби Қирғизистон боз аҳдшиканӣ кард ва ба ба минтақаҳои наздисарҳадӣ қуваю техникаҳои низомӣ интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ба иттилои КДАМ тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст.
“Боиси нигаронист, ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”, - таъкид кардааст КДАМ-и Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Қирғизистон ва Содир Ҷабборов, кишвардори Қирғизистон дар ҳошяи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ вазъи марзро баррасӣ карда буданд.
Роҳбарони ду кишвар ба тавофуқ расида буданд, ки ҳар ду кишвар нерӯҳои иловагиро аз марз бозпас хоҳанд гардонд.
Зимни мулоқоти президентҳо, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд баргузор гардид, таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар макони ҳодиса корбарӣ хоҳанд кард.
Инчунин Комиссияи муштарак барои таҳқиқи даргириҳои ахири марзӣ ташкил карда мешавад.
Дар зимн таъкид намудааст, ки кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марз суръат бахшида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он номуайян боқӣ монда, боиси танишҳо дар сарҳад мешавад.
Даргирии ахири марзӣ субҳи 16 сентябр рух дода, ҳудуди 10 соат давом кард. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷонибҳо аз соати 14:30 оташбас эълон карданд ва гуфта мешавад, ки феълан шиддат дар марз коҳиш ёфтааст.
Расман мақомоти тоҷик шумораи талафоташро ҳанӯз баён надоштааст, аммо манобеъ аз кушта шудани ҳадди ақал 7 мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани 15 нафар хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон теъдоди осебдидагонашро ҳудуди 42 нафар арзёбӣ кард.